https://sputnik.tj/20260811/korshinoson-sifat-ob-daryoho-vmkb-arzyobi-1079595099.html
Коршиносон сифати об дар дарёҳои ВМКБ-ро арзёбӣ карданд
Коршиносон сифати об дар дарёҳои ВМКБ-ро арзёбӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Намунаҳои санҷишӣ аз обанборҳои минтақа барои таҳқиқоти минбаъдаи экологӣ гирифта шуданд
2026-08-11T10:52+0500
2026-08-11T10:52+0500
2026-08-11T10:52+0500
дар тоҷикистон
академияи улуми тоҷикистон
об
вмкб
таҳқиқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075531990_0:8:3074:1737_1920x0_80_0_0_3c536dcf99f1c9c6bb8fd2f979b97e86.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Коршиносон сифати захираҳои обро дар дарёҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ карданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд. Қайд карда мешавад, ки кормандони Институти мушкилоти об, гидроэнергетика ва экология дар обанборҳои минтақа таҳқиқоти саҳроӣ анҷом доданд. Дар доираи экспедитсия, мутахассисон сифати об ва вазъи экологии дарёи Панҷ, инчунин шохобҳои асосии он, аз ҷумла Ғунт, Шоҳдара, Бартанг, Ванҷ, Язғулом ва Обиҳумбуро таҳлил карданд. Таъкид мешавад, ки дар давоми таҳқиқоти саҳроӣ кормандони институт намунаҳои обро аз ин обанборҳо ҷамъоварӣ карданд, ки барои санҷиши минбаъдаи лабораторӣ заруранд.Академияи илмҳои Тоҷикистон таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо барои арзёбии мунтазами вазъи экологӣ дар захираҳои оби кишвар ва омӯзиши динамикаи ҷараёни дарёҳо муҳиманд. Ғайр аз ин, чунин таҳқиқот ба муайян кардани омилҳои мушаххасе, ки ба сифати об дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, мусоидат мекунанд. Қаблан, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бӯҳрони шадиди об дар саросари ҷаҳон, ки метавонад дар ояндаи наздик рух диҳад, ҳушдор дода буд. Ӯ изҳор дошт, ки суръати шаҳрнишинӣ дар саросари ҷаҳон истеъмоли ин захираҳоро ба таври назаррас афзоиш медиҳад. Ба гуфитаи вай, айни замон миллиардҳо нафар ба оби нӯшокӣ дастрасии боэътимод надоранд ва 4 млрд нафар ҳар сол барои як моҳ бо норасоии шадид рӯбарӯ мешаванд.
https://sputnik.tj/20260810/tojikiston-tasis-nizom-hisobgiri-zakhiraho-ob-om-shirkat-1079580444.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/18/1075531990_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_a621286cd3a3f91040b67cf046e145c2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, академияи улуми тоҷикистон, об, вмкб, таҳқиқ
дар тоҷикистон, академияи улуми тоҷикистон, об, вмкб, таҳқиқ
Коршиносон сифати об дар дарёҳои ВМКБ-ро арзёбӣ карданд
Намунаҳои санҷишӣ аз обанборҳои минтақа барои таҳқиқоти минбаъдаи экологӣ гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Коршиносон сифати захираҳои обро дар дарёҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ карданд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Қайд карда мешавад, ки кормандони Институти мушкилоти об, гидроэнергетика ва экология дар обанборҳои минтақа таҳқиқоти саҳроӣ анҷом доданд.
Дар доираи экспедитсия, мутахассисон сифати об ва вазъи экологии дарёи Панҷ, инчунин шохобҳои асосии он, аз ҷумла Ғунт, Шоҳдара, Бартанг, Ванҷ, Язғулом ва Обиҳумбуро таҳлил карданд.
Таъкид мешавад, ки дар давоми таҳқиқоти саҳроӣ кормандони институт намунаҳои обро аз ин обанборҳо ҷамъоварӣ карданд, ки барои санҷиши минбаъдаи лабораторӣ заруранд.
Академияи илмҳои Тоҷикистон таъкид кард, ки чунин чорабиниҳо барои арзёбии мунтазами вазъи экологӣ дар захираҳои оби кишвар ва омӯзиши динамикаи ҷараёни дарёҳо муҳиманд.
Ғайр аз ин, чунин таҳқиқот ба муайян кардани омилҳои мушаххасе, ки ба сифати об дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон таъсир мерасонанд, мусоидат мекунанд.
Қаблан, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бӯҳрони шадиди об дар саросари ҷаҳон, ки метавонад дар ояндаи наздик рух диҳад, ҳушдор дода буд.
Ӯ изҳор дошт, ки суръати шаҳрнишинӣ дар саросари ҷаҳон истеъмоли ин захираҳоро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Ба гуфитаи вай, айни замон миллиардҳо нафар ба оби нӯшокӣ дастрасии боэътимод надоранд ва 4 млрд нафар ҳар сол барои як моҳ бо норасоии шадид рӯбарӯ мешаванд.