https://sputnik.tj/20260811/faronsa-ruhiyai-sozishnoma-minskro-vayron-1079604207.html
Фаронса рӯҳияи созишномаҳои Минскро вайрон кард
Фаронса рӯҳияи созишномаҳои Минскро вайрон кард
Sputnik Тоҷикистон
Пйер де Голль: Фаронса рӯҳияи созишномахои Минскро вайрон кард
2026-08-11T20:21+0500
2026-08-11T20:21+0500
2026-08-11T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
фаронса
аврупо
низоъ
русия
олмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/62/1030786212_0:122:3069:1848_1920x0_80_0_0_11ac5ad1e51bd9817eadbd7e3b60d828.jpg
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Пйер де Голл, набераи раисиҷумҳури собиқи Фаронса Шарл де Голл ва муовини раиси ҳайати доварони Ҷоизаи сулҳи Лев Толстой дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости гуфт, Фаронса рӯҳияи созишномаҳои Минскро вайрон карда, онҳоро ҳамчун як найранг барои дубора мусаллаҳ кардани Украина истифода кардааст."Фаронса мисли Олмон кафили созишномаҳои Минск дар солҳои 2014 ва 2015 буд, аммо сухани Фаронса замоне шикаст хӯрд, ки раисиҷумҳур Франсуа Олланд ва ҳамчунин Ангела Меркел гуфтанд, ки ин созишномаҳо танҳо як найранг барои додани вақт ба Украина барои мусаллаҳ шудан ва пирӯз гардидан зарур буданд" гуфт де Голл.Ба гуфтаи набераи раҳбари пешин, барои ӯ ҳамчун як фаронсавӣ, ин мавқеи Порис махсусан дарднок аст."Фаронса... рӯҳияи созишномаҳои Минскро риоя накард", — гуфт ӯ дар хотима.Аз соли 2014 то 2022, Минск ҳамчун платформаи музокироти сулҳ дар давраи низоъ дар Донбасс хидмат мекард. Протоколи аввал моҳи сентябри соли 2014 ва Протоколи Минск-2 дар моҳи феврали соли 2015 имзо шуда буд. Дар ин ҳуҷҷат оташбас, хуруҷи силоҳҳои вазнин ва дигар чораҳо барои ҳалли сиёсии низоъ пешбинӣ шуда буд. Киев ба таври системавӣ созишномаҳои Минскро вайрон мекард.Пас аз оғози Амалиёти вижаи низомӣ, президенти пешини Фаронса Франсуа Олланд, канслери пешини Олмон Ангела Меркел ва сарвазири пешини Бритониё Борис Ҷонсон изҳор доштанд, ки кишварҳои Ғарб ҳеҷ гоҳ созишномаҳои Минскро ҷиддӣ намегирифтанд, нияти талаб кардани иҷрои онҳоро аз мақомоти Украина надоштанд ва онҳоро танҳо барои таъхир дар вақт ва кӯмак ба Киев барои омодагӣ ба низоъ бо Русия истифода карданд.Президенти Русия Владимир Путин баъдтар борҳо таъкид кард, ки Русия вақте ки Ғарб аз созишномаҳои Минск даст кашид, маҷбур шуд, ки мардуми Донбассро ҳимоя кунад ва амалиёти вижаи низомиро оғоз кунад,.
https://sputnik.tj/20260808/tramp-peshraviho-halli-nizoi-ukraina-1079550388.html
украина
фаронса
аврупо
русия
олмон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103078/62/1030786212_129:0:2860:2048_1920x0_80_0_0_10df9d83666705d6de2a0ec8a0ef8482.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, фаронса, аврупо, низоъ, русия, олмон
украина, амалиёти вижа, фаронса, аврупо, низоъ, русия, олмон
Фаронса рӯҳияи созишномаҳои Минскро вайрон кард
Пйер де Голль: Фаронса рӯҳияи созишномаҳои Минскро вайрон кард
ДУШАНБЕ, 11 авг - Sputnik. Пйер де Голл, набераи раисиҷумҳури собиқи Фаронса Шарл де Голл ва муовини раиси ҳайати доварони Ҷоизаи сулҳи Лев Толстой дар мусоҳиба бо хабаргузории РИА Новости гуфт, Фаронса рӯҳияи созишномаҳои Минскро вайрон карда, онҳоро ҳамчун як найранг барои дубора мусаллаҳ кардани Украина истифода кардааст.
"Фаронса мисли Олмон кафили созишномаҳои Минск дар солҳои 2014 ва 2015 буд, аммо сухани Фаронса замоне шикаст хӯрд, ки раисиҷумҳур Франсуа Олланд ва ҳамчунин Ангела Меркел гуфтанд, ки ин созишномаҳо танҳо як найранг барои додани вақт ба Украина барои мусаллаҳ шудан ва пирӯз гардидан зарур буданд" гуфт де Голл.
Ба гуфтаи набераи раҳбари пешин, барои ӯ ҳамчун як фаронсавӣ, ин мавқеи Порис махсусан дарднок аст.
"Фаронса... рӯҳияи созишномаҳои Минскро риоя накард", — гуфт ӯ дар хотима.
Аз соли 2014 то 2022, Минск ҳамчун платформаи музокироти сулҳ дар давраи низоъ дар Донбасс хидмат мекард. Протоколи аввал моҳи сентябри соли 2014 ва Протоколи Минск-2 дар моҳи феврали соли 2015 имзо шуда буд. Дар ин ҳуҷҷат оташбас, хуруҷи силоҳҳои вазнин ва дигар чораҳо барои ҳалли сиёсии низоъ пешбинӣ шуда буд. Киев ба таври системавӣ созишномаҳои Минскро вайрон мекард.
Пас аз оғози Амалиёти вижаи низомӣ, президенти пешини Фаронса Франсуа Олланд, канслери пешини Олмон Ангела Меркел ва сарвазири пешини Бритониё Борис Ҷонсон изҳор доштанд, ки кишварҳои Ғарб ҳеҷ гоҳ созишномаҳои Минскро ҷиддӣ намегирифтанд, нияти талаб кардани иҷрои онҳоро аз мақомоти Украина надоштанд ва онҳоро танҳо барои таъхир дар вақт ва кӯмак ба Киев барои омодагӣ ба низоъ бо Русия истифода карданд.
Президенти Русия Владимир Путин баъдтар борҳо таъкид кард, ки Русия вақте ки Ғарб аз созишномаҳои Минск даст кашид, маҷбур шуд, ки мардуми Донбассро ҳимоя кунад ва амалиёти вижаи низомиро оғоз кунад,.