https://sputnik.tj/20260808/overchuq-sathi-khudkifoi-iiao-1079546065.html
Оверчуқ: Новобаста аз вазъи ҷаҳони имрӯз, сатҳи худкифоии ИИАО бештар аз 93% аст
Оверчуқ: Новобаста аз вазъи ҷаҳони имрӯз, сатҳи худкифоии ИИАО бештар аз 93% аст
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия таъкид кард, ки аз лиҳози амнияти озуқаворӣ, ИИАО дар мавқеи хеле хуб қарор дорад
2026-08-08T11:31+0500
2026-08-08T11:31+0500
2026-08-08T11:31+0500
ииао
авруосиё
иқтисод
таъмин кардан
озуқаворӣ
алексей оверчук
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/07/1079532925_0:37:3010:1730_1920x0_80_0_0_00bf0200f1f3754f5e9b3651635b19e5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг - Sputnik. Сарфи назар аз вазъияти ногувори амнияти озуқавории ҷаҳонӣ, сатҳи худкифоии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бештар аз 93% аст.Дар ин бора муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук хабар дод.Муовини сарвазири Русия қайд кард, ки дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё бо иштироки маҳдуд яке аз мавзӯъҳои муҳимтарин масъалаи амнияти озуқаворӣ буд, ки дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад."Масъалаи амнияти озуқаворӣ имрӯз дар ҷаҳон махсусан хеле муҳим аст. Ва, албатта, дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мо кӯшиш мекунем, ки амалҳои худро ҳамоҳанг созем, сатҳи амнияти озуқавории ҳамаи панҷ кишварро арзёбӣ кунем ва нақшҳоро байни кишварҳо дар масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ тақсим кунем", - гуфт ӯ дар ҳошияи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё.Вай илова кард, ки аз ҷиҳати амнияти озуқаворӣ, ИИАО дар мавқеи хеле хуб қарор дорад.“Сатҳи худкифоии мо аз 93% зиёд аст ва мо дар ҳама маҳсулоти асосии озуқаворӣ пурра худкифо ҳастем. Якҷоя бо Қазоқистон, мо яке аз бузургтарин содиркунандагони ғалла ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳастем", - таъкид кард Оверчук.Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/59038
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/07/1079532925_196:0:2927:2048_1920x0_80_0_0_818b39c7d14a8ccc5e2ff7a7936ae26d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, иқтисод, таъмин кардан, озуқаворӣ, алексей оверчук, русия
ииао, авруосиё, иқтисод, таъмин кардан, озуқаворӣ, алексей оверчук, русия
Оверчуқ: Новобаста аз вазъи ҷаҳони имрӯз, сатҳи худкифоии ИИАО бештар аз 93% аст
Муовини сарвазири Русия таъкид кард, ки аз лиҳози амнияти озуқаворӣ, ИИАО дар мавқеи хеле хуб қарор дорад
ДУШАНБЕ, 8 авг - Sputnik. Сарфи назар аз вазъияти ногувори амнияти озуқавории ҷаҳонӣ, сатҳи худкифоии Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бештар аз 93% аст.
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук хабар дод.
Муовини сарвазири Русия қайд кард, ки дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё бо иштироки маҳдуд яке аз мавзӯъҳои муҳимтарин масъалаи амнияти озуқаворӣ буд, ки дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад.
"Масъалаи амнияти озуқаворӣ имрӯз дар ҷаҳон махсусан хеле муҳим аст. Ва, албатта, дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мо кӯшиш мекунем, ки амалҳои худро ҳамоҳанг созем, сатҳи амнияти озуқавории ҳамаи панҷ кишварро арзёбӣ кунем ва нақшҳоро байни кишварҳо дар масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти асосии озуқаворӣ тақсим кунем", - гуфт ӯ дар ҳошияи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё.
Вай илова кард, ки аз ҷиҳати амнияти озуқаворӣ, ИИАО дар мавқеи хеле хуб қарор дорад.
“Сатҳи худкифоии мо аз 93% зиёд аст ва мо дар ҳама маҳсулоти асосии озуқаворӣ пурра худкифо ҳастем. Якҷоя бо Қазоқистон, мо яке аз бузургтарин содиркунандагони ғалла ба бозорҳои ҷаҳонӣ ҳастем", - таъкид кард Оверчук.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.