https://sputnik.tj/20260808/gurjiston-hamkoriho-osiyoi-markazi-taqviyat-1079551510.html
Гурҷистон ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад
Гурҷистон ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Сарвазири Гурҷистон гуфт, сафарҳояш ба Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хотири тақвияти ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ буд
2026-08-08T17:59+0500
2026-08-08T17:59+0500
2026-08-08T17:59+0500
дар тоҷикистон
гурҷистон
ҳамкорӣ
осиёи марказӣ
равобит
иқтисод
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/07/1079551755_0:58:3188:1851_1920x0_80_0_0_04814c976e4675b7f1f8f919fad350f5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе зимни суханронии ахираш дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Гурҷистон аҳамияти хоси сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.Ба иттилои манбаъ, сарвазири Гурҷистон зимни суханрониаш гуфтааст, ки кишвараш ҳамчун пайванди муҳим байни кишварҳои минтақа ва кишварҳои Ғарб тавассути Баҳри Сиёҳ мебошад.Кобахидзе дар бораи сафари расмии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов ба Гурҷистон дар моҳи июл суханронӣ карда, қайд кард, ки дар рафти ин сафар ҷонибҳо бастаи ҳуҷҷатҳоеро имзо карданд, ки ба амиқтар кардани ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун нигаронида шудаанд.Сарвазири Гурҷистон инчунин натиҷаҳои сафари расмии худро ба Қазоқистон дар моҳи июн, ки дар он кишварҳо шарикии стратегӣ барқарор карданд, инчунин сафарҳои худро ба Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар он ҷо як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд, ҷамъбаст кард.Вай қайд кард, ки пас аз сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тифлис, муносибатҳои Гурҷистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи нав расиданд.Ба гуфтаи Кобахидзе, ҳукумати Гурҷистон ният дорад, ки ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ минбаъд густариш диҳад.Ёдовар мешавем, ки 19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.19 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд.Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.Бояд гуфт, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 санади дуҷониба ба имзо расид.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57035
гурҷистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/07/1079551755_323:0:3054:2048_1920x0_80_0_0_3a58d30032abef78b7dd0189cf4aa122.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, гурҷистон, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат
дар тоҷикистон, гурҷистон, ҳамкорӣ, осиёи марказӣ, равобит, иқтисод, тиҷорат
Гурҷистон ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият медиҳад
Сарвазири Гурҷистон гуфт, сафарҳояш ба Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба хотири тақвияти ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ буд
ДУШАНБЕ, 8 авг – Sputnik. Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе зимни суханронии ахираш дар ҷаласаи ҳукумати кишвараш изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Гурҷистон аҳамияти хоси сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Ба иттилои манбаъ, сарвазири Гурҷистон зимни суханрониаш гуфтааст, ки кишвараш ҳамчун пайванди муҳим байни кишварҳои минтақа ва кишварҳои Ғарб тавассути Баҳри Сиёҳ мебошад.
Кобахидзе дар бораи сафари расмии президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳамедов ба Гурҷистон дар моҳи июл суханронӣ карда, қайд кард, ки дар рафти ин сафар ҷонибҳо бастаи ҳуҷҷатҳоеро имзо карданд, ки ба амиқтар кардани ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гуногун нигаронида шудаанд.
Сарвазири Гурҷистон инчунин натиҷаҳои сафари расмии худро ба Қазоқистон дар моҳи июн, ки дар он кишварҳо шарикии стратегӣ барқарор карданд, инчунин сафарҳои худро ба Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар он ҷо як қатор созишномаҳо ба имзо расиданд, ҷамъбаст кард.
Вай қайд кард, ки пас аз сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тифлис, муносибатҳои Гурҷистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи нав расиданд.
Ба гуфтаи Кобахидзе, ҳукумати Гурҷистон ният дорад, ки ҳамкориро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ минбаъд густариш диҳад.
Ёдовар мешавем, ки 19-20 июни соли 2026 сафари расмии Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
19 июн дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе мулоқот намуданд.
Дар рафти музокирот ҷонибҳо ҳолати ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ба таври муфассал баррасӣ намуда, перомуни масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи сафари расмии Сарвазири Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 санади дуҷониба ба имзо расид.