https://sputnik.tj/20260807/tojikistonu-belarus-hamkoriho-naqliyot-logistika-taqviyat-1079523646.html
Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва логистика тақвият медиҳанд
Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва логистика тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
2026-08-07T12:41+0500
2026-08-07T12:41+0500
2026-08-07T12:41+0500
дар тоҷикистон
белорус
логистика
нақлиёт
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102664/13/1026641329_0:268:2580:1719_1920x0_80_0_0_76ad0e56e8fc26c1544fcb5f46380763.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Беларус Сергей Матсуков дар шаҳри Брест дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд.Дар ин мулоқот мақомоти ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2027-2030-ро таҳия намоянд.Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар, қарор аст, Харитаи роҳ дар ҷаласаи Комиссияи муштараки нақлиётии Тоҷикистону Беларус баррасӣ шавад.Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои сода намудани раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар муддати кӯтоҳтарин низоми рақамии мубодилаи рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалии автомобилӣ татбиқ карда мешавад.Татбиқи ин механизм имкон медиҳад, ки шаффофияти додугирифт ва истифодаи рухсатномаҳо таъмин карда, расмиёти маъмурӣ ва таъсири омили инсонӣ ба ин раванд коҳиш дода шавад, самаранокии назорати давлатӣ баланд бардошта, барои фаъолияти интиқолдиҳандагони ҳар ду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шавад.Самти дигари муҳими ҳамкорӣ пешбурди муштарак ва рушди долони байналмилалии нақлиётӣ барои баромадан ба бозорҳои Аврупо буд.Ҳамчунин дар ин дидор масъалаҳои мубодилаи таҷриба оид ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт, амалӣ намудани низомҳои интеллектуалии нақлиётӣ (СИН), платформаҳои муосири иттилоотии идоракунии нақлиёт, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
https://sputnik.tj/20210520/tijorat-logistik--mushkil-mintaqa-muloqot-rahmon-toqaev-1039594100.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102664/13/1026641329_57:0:2349:1719_1920x0_80_0_0_15a2d4b315262c1ed4d2a525ca7c7f13.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, белорус, логистика, нақлиёт, ҳамкорӣ, равобит
дар тоҷикистон, белорус, логистика, нақлиёт, ҳамкорӣ, равобит
Тоҷикистону Беларус ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёт ва логистика тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Беларус бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкориро таҳия менамоянд
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаи нақлиёт ва логистика дар мулоқоти муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон Шоиста Саидмуродзода бо муовини Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Беларус Сергей Матсуков дар шаҳри Брест дар доираи ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд.
Дар ин мулоқот мақомоти ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади рушди соҳаи нақлиёт ва логистика Харитаи роҳ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2027-2030-ро таҳия намоянд.
Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар, қарор аст, Харитаи роҳ дар ҷаласаи Комиссияи муштараки нақлиётии Тоҷикистону Беларус баррасӣ шавад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои сода намудани раванди ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ дар муддати кӯтоҳтарин низоми рақамии мубодилаи рухсатномаҳо барои интиқоли байналмилалии автомобилӣ татбиқ карда мешавад.
Татбиқи ин механизм имкон медиҳад, ки шаффофияти додугирифт ва истифодаи рухсатномаҳо таъмин карда, расмиёти маъмурӣ ва таъсири омили инсонӣ ба ин раванд коҳиш дода шавад, самаранокии назорати давлатӣ баланд бардошта, барои фаъолияти интиқолдиҳандагони ҳар ду кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Самти дигари муҳими ҳамкорӣ пешбурди муштарак ва рушди долони байналмилалии нақлиётӣ барои баромадан ба бозорҳои Аврупо буд.
Ҳамчунин дар ин дидор масъалаҳои мубодилаи таҷриба оид ба рақамикунонии соҳаи нақлиёт, амалӣ намудани низомҳои интеллектуалии нақлиётӣ (СИН), платформаҳои муосири иттилоотии идоракунии нақлиёт, инчунин рушди инфрасохтори нақлиётӣ-логистикӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.