https://sputnik.tj/20260807/shahritus-yagon-holati-barqduzdi-qayd-1079543261.html
Шаҳритус қоил кард: Дар ин минтақа ягон ҳолати барқдуздӣ ба қайд гирифта нашудааст
Шаҳритус қоил кард: Дар ин минтақа ягон ҳолати барқдуздӣ ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ ба мардум таъсир расонда ҳолатҳои ҳолати барқдуздӣ ба сифр расонида шудааст
2026-08-07T18:41+0500
2026-08-07T18:41+0500
2026-08-07T19:32+0500
дар тоҷикистон
барқ
дуздӣ
энергетика
хатлон
шаҳритус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102642/07/1026420761_0:172:3072:1900_1920x0_80_0_0_9f08e3efc8e9b0369599f4cf2adfa02b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. То имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус ягон ҳолати дуздии неруи барқ ё истифодаи ғайриқонунии он ба қайд гирифта нашудааст.Дар ин бора раиси ноҳияи Шаҳритус Тағой Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.Ба гуфтаи вай, пешгирии чунин ҳолатҳо дар ноҳия пеш аз ҳама тавассути корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ амалӣ карда мешавад.Мақомоти ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ пайваста тадбирҳои пешгирикунанда меандешанд.Ҳамзамон, раиси ноҳия таъкид кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти прокуратура ба 39 қарори раиси ноҳияи Шаҳритус эътироз ворид кардааст.Ба гуфтаи вай, қарорҳои мавриди эътироз асосан ба масъалаҳои муносибатҳои замин, амрҳои маъмурӣ ва дигар самтҳо дахл дошта, пас аз баррасии онҳо қисми зиёди қарорҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд.Тағой Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии қабули қарорҳои дорои камбудиҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти назоратӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
https://sputnik.tj/20250518/nigaroni-prezident-barqduzdi-nohiyahoi-isrofkor-guft-1067368925.html
шаҳритус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102642/07/1026420761_70:0:2801:2048_1920x0_80_0_0_d130f3110b107e3bbf294006adbe190c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, дуздӣ, энергетика, хатлон, шаҳритус
дар тоҷикистон, барқ, дуздӣ, энергетика, хатлон, шаҳритус
Шаҳритус қоил кард: Дар ин минтақа ягон ҳолати барқдуздӣ ба қайд гирифта нашудааст
18:41 07.08.2026 (Навсозишуда: 19:32 07.08.2026) Мақомоти ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, ки корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ ба мардум таъсир расонда ҳолатҳои ҳолати барқдуздӣ ба сифр расонида шудааст
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. То имрӯз дар ноҳияи Шаҳритус ягон ҳолати дуздии неруи барқ ё истифодаи ғайриқонунии он ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора раиси ноҳияи Шаҳритус Тағой Абдуллозода зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вай, пешгирии чунин ҳолатҳо дар ноҳия пеш аз ҳама тавассути корҳои мунтазами фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ амалӣ карда мешавад.
Мақомоти ноҳия дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ пайваста тадбирҳои пешгирикунанда меандешанд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия таъкид кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мақомоти прокуратура ба 39 қарори раиси ноҳияи Шаҳритус эътироз ворид кардааст.
Ба гуфтаи вай, қарорҳои мавриди эътироз асосан ба масъалаҳои муносибатҳои замин, амрҳои маъмурӣ ва дигар самтҳо дахл дошта, пас аз баррасии онҳо қисми зиёди қарорҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудаанд.
Тағой Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои риояи талаботи қонунгузорӣ, пешгирии қабули қарорҳои дорои камбудиҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкорӣ бо мақомоти назоратӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.