Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстонро дар гирифтани пора гумонбар медонанд

© unsplash / Bermix StudioНаручники и доллары. Иллюстративное фото
Наручники и доллары. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.08.2026
Обуна шудан
Дар вилояти Суғд тафтишоти парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон Олимҷон Мирмуҳамедов, роҳбари дастоҳи раиси шаҳри Бӯстон ба гирифтани пора муттаҳам кардааст.
Дар ин бораи Сафар Салимзода, сардори Раёсати Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Суғд ахиран дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай ин мақомдор барои гирифтани 90 ҳазор доллар (қариб 830 ҳазор сомонӣ) ва 120 метри мураббаъ хона бо арзиши 600 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Вай илова кард, ки гумонбар ин миқдори ришваро дар ду маврид гирифтааст.
Қайд карда шудааст, ки Мирмуҳамедов барои додани иҷозати сохтмони бино аз як кас 50 ҳазор доллар (беш аз 460 ҳазор сомонӣ) ва 120 метри мураббаъ хона ва аз нафари дуввум 40 ҳазор доллар пора гирифтааст.
Ҳамчунин оқои Салимзода дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки ин мавридҳои порагирӣ аз моҳи ноябри соли 2025 то апрели соли 2026 сурат гирифтааст.
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2026
Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст.
Қайд карда шудааст, ки алайҳи мақомдори собиқ бо гумони гирифтани пора аз сӯйи шахси мансабдор (модаи 319 қисми 4-и КҶ) ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314 кисми 1-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Тибқи қавонини ин мансабдор метавонад аз 7 то 12 сол зиндон ва ҷарима шавад.
Масъулини ин ниҳод зимни нишасти матбуотӣ нагуфтанд, ки ин мақомдор, ки ба порахӯрӣ муттаҳам шудааст боздошт ё аз вазифа барканор шудааст, ё на.
Лентаи хабарҳо
0