https://sputnik.tj/20260806/safiri-pokiston-islomobod-iiao-sozishnoma-tijorati-ozod-imzo-1079489915.html
Сафири Покистон: Исломобод бо ИИАО созишномаи тиҷорати озод имзо мекунад
Сафири Покистон: Исломобод бо ИИАО созишномаи тиҷорати озод имзо мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сафири Покистон дар Русия ахиран эълон кард, ки ин раванд метавонад азчанд моҳ то як ё ду сол тӯл кашад
2026-08-06T11:41+0500
2026-08-06T11:41+0500
2026-08-06T11:41+0500
ииао
авруосиё
покистон
ҳамкорӣ
тиҷорат
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079492095_0:85:2958:1749_1920x0_80_0_0_23ab445a47a7ba61b91c022dcb9e8cfa.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Исломобод бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) созишнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ ба имзо мерасонад.Дар ин бора Сафири Покистон дар Маскав Файсал Ниёз Тирмизӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС хабар дод.Вай таъкид кард, ки ин раванд метавонад аз чанд моҳ то як ё ду сол тӯл кашад."Мо аллакай ин равандро [барои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ] бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё оғоз кардем, зеро Покистон шарики табиии Долони нақлиётии Шимол-Ҷануб аст. Ман рӯзеро тасаввур мекунам, ки дар ояндаи наздик одамон аз Мурманск, Минск ва Маскав метавонанд тавассути ҳамаи ин кишварҳо [Долони Шимол-Ҷануб] ба Исломобод, Карачӣ ё Гвадар сафар кунанд. Покистон қатъиян бовар дорад, ки ҳамчун кишваре дар Минтақаи иқтисодии АвруОсиё, Исломобод бояд бо ҳамаи кишварҳои [иттиҳод] робитаҳои тиҷоратии бештари дуҷонибаи тиҷоратӣ дошта бошад. Мо аллакай ин равандро оғоз кардаем. Тамосҳо дар сатҳи хеле баланд - байни вазири тиҷорати Покистон ва роҳбари Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сурат гирифтанд. Мо метавонем дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ ба созиш бирасем. Ин метавонад аз чанд моҳ то як ё ду сол тӯл кашад, аммо на бештар аз ин", - қайд кард дипломати покистонӣ.Вай таъкид кард, ки молҳои зиёде мавҷуданд, ки Покистон метавонад аз Русия, Қазоқистон, Беларус ё Қирғизистон ба даст орад."Покистон инчунин метавонад ба иттиҳод саҳми назаррас гузорад", - идома дод сафир."Ҳамин тариқ, мо метавонем қисми амнияти иқтисодӣ ва озуқавории якдигар бошем. Ва мо маҳз ҳамин гуна робитаҳоеро, ки воқеан рӯи онҳо кор мекунем, анҷом медиҳем, зеро мо боварӣ дорем, ки дар ниҳоят, робитаҳои байни одамон, робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ амният, сулҳ ва пайвастагии воқеиро дар минтақа таъмин мекунанд".Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
https://sputnik.tj/20260805/qazoqiston-sodirot-mahsuloti-ghizoiro-iiao-afzoish-1079455053.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079492095_65:0:2794:2047_1920x0_80_0_0_592d9405ffd3364d2fda35f4b597efcd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, покистон, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод
ииао, авруосиё, покистон, ҳамкорӣ, тиҷорат, иқтисод
Сафири Покистон: Исломобод бо ИИАО созишномаи тиҷорати озод имзо мекунад
Сафири Покистон дар Русия ахиран эълон кард, ки ин раванд метавонад аз чанд моҳ то як ё ду сол тӯл кашад
ДУШАНБЕ, 6 авг - Sputnik. Исломобод бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) созишнома дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ ба имзо мерасонад.
Дар ин бора Сафири Покистон дар Маскав Файсал Ниёз Тирмизӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС хабар дод.
Вай таъкид кард, ки ин раванд метавонад аз чанд моҳ то як ё ду сол тӯл кашад.
"Мо аллакай ин равандро [барои таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ] бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё оғоз кардем, зеро Покистон шарики табиии Долони нақлиётии Шимол-Ҷануб аст. Ман рӯзеро тасаввур мекунам, ки дар ояндаи наздик одамон аз Мурманск, Минск ва Маскав метавонанд тавассути ҳамаи ин кишварҳо [Долони Шимол-Ҷануб] ба Исломобод, Карачӣ ё Гвадар сафар кунанд. Покистон қатъиян бовар дорад, ки ҳамчун кишваре дар Минтақаи иқтисодии АвруОсиё, Исломобод бояд бо ҳамаи кишварҳои [иттиҳод] робитаҳои тиҷоратии бештари дуҷонибаи тиҷоратӣ дошта бошад. Мо аллакай ин равандро оғоз кардаем. Тамосҳо дар сатҳи хеле баланд - байни вазири тиҷорати Покистон ва роҳбари Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё сурат гирифтанд. Мо метавонем дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ ба созиш бирасем. Ин метавонад аз чанд моҳ то як ё ду сол тӯл кашад, аммо на бештар аз ин", - қайд кард дипломати покистонӣ.
Вай таъкид кард, ки молҳои зиёде мавҷуданд, ки Покистон метавонад аз Русия, Қазоқистон, Беларус ё Қирғизистон ба даст орад.
"Покистон инчунин метавонад ба иттиҳод саҳми назаррас гузорад", - идома дод сафир.
"Ҳамин тариқ, мо метавонем қисми амнияти иқтисодӣ ва озуқавории якдигар бошем. Ва мо маҳз ҳамин гуна робитаҳоеро, ки воқеан рӯи онҳо кор мекунем, анҷом медиҳем, зеро мо боварӣ дорем, ки дар ниҳоят, робитаҳои байни одамон, робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ амният, сулҳ ва пайвастагии воқеиро дар минтақа таъмин мекунанд".
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.