https://sputnik.tj/20260806/olmon-izhoroti-zelenskiy-hamlahoi-havoii-rusiya-norozi-1079515408.html
Дар Олмон аз изҳороти Зеленский пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия норозӣ шуданд
Дар Олмон аз изҳороти Зеленский пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия норозӣ шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Welt: Зеленский ба ҷои талаби фишор ба Русия, бояд дар бораи сулҳ сӯҳбат кунад
2026-08-06T18:52+0500
2026-08-06T18:52+0500
2026-08-06T18:52+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
владимир зеленский
олмон
аврупо
сиёсат
музокирот
русия
ҳамлаи мушакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079468416_0:403:2924:2048_1920x0_80_0_0_0952c218acb2f2ba2e074754271d9f5f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Иброҳим Набар, хабарнигори “Welt”, ки дар пойтахти Украина фаъолият дорад, мегӯяд, ки Владимир Зеленский пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Киев, бояд дар бораи сулҳ сӯҳбат кунад, на дар бораи фишор ба Маскав.Рӯзноманигор изҳороти Зеленскийро дар мулоқот бо сафирони Украина чунин шарҳ дод."Ман ин суханрониро аз нав тамошо кардам; ӯ калимаи "фишор"-ро панҷ маротиба зикр кард. Беҳтараш дар назди сафирони Украина аз тамоми ҷаҳон ӯ мегуфт, ки ҷангро то тирамоҳ ё то охири сол хотима доданро афзалтар медонад", - гуфт Набар.Рӯзноманигор инчунин қайд кард, ки заъфи дифоъи ҳавоии Украина дар Киев имкониятҳои навро барои артиши Русия фароҳам меорад."Мо инчунин мебинем, ки ҳоло барои Русия баъзе имкониятҳо кушода мешаванд, зеро дифоъи ҳавоии Украина ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нест. Онҳо мушакҳои кофии зиддимушакӣ надоранд", - изҳор дошт ӯ.Шаби гузашта артиши Русия ба марказҳои нигоҳдории борҳои низомӣ ва қисмҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Киев ҳамлаи бузурге анҷом дод.Бар хилофи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, нерӯҳои Русия танҳо инфрасохтори низомӣ ва иншооти саноати дифоъии душманро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар ҳамлаҳои худ, онҳо аз силоҳҳои дақиқ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мебаранд, ки қодиранд ҳама гуна ҳадафро ҳам дар Киев ва ҳам дар саросари Украина нобуд кунанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/58989
украина
олмон
аврупо
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/08/05/1079468416_10:0:2741:2048_1920x0_80_0_0_29d43ca2d408eb56afb9278027500f6d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, владимир зеленский, олмон, аврупо, сиёсат , музокирот, русия, ҳамлаи мушакӣ
украина, амалиёти вижа, владимир зеленский, олмон, аврупо, сиёсат , музокирот, русия, ҳамлаи мушакӣ
Дар Олмон аз изҳороти Зеленский пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия норозӣ шуданд
Welt: Зеленский ба ҷои талаби фишор ба Русия, бояд дар бораи сулҳ сӯҳбат кунад.
ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Иброҳим Набар, хабарнигори “Welt”, ки дар пойтахти Украина фаъолият дорад, мегӯяд, ки Владимир Зеленский пас аз ҳамлаҳои ҳавоии Русия ба Киев, бояд дар бораи сулҳ сӯҳбат кунад, на дар бораи фишор ба Маскав.
Рӯзноманигор изҳороти Зеленскийро дар мулоқот бо сафирони Украина чунин шарҳ дод.
"Ман ин суханрониро аз нав тамошо кардам; ӯ калимаи "фишор"-ро панҷ маротиба зикр кард. Беҳтараш дар назди сафирони Украина аз тамоми ҷаҳон ӯ мегуфт, ки ҷангро то тирамоҳ ё то охири сол хотима доданро афзалтар медонад", - гуфт Набар.
Рӯзноманигор инчунин қайд кард, ки заъфи дифоъи ҳавоии Украина дар Киев имкониятҳои навро барои артиши Русия фароҳам меорад.
"Мо инчунин мебинем, ки ҳоло барои Русия баъзе имкониятҳо кушода мешаванд, зеро дифоъи ҳавоии Украина ба таври кофӣ муҷаҳҳаз нест. Онҳо мушакҳои кофии зиддимушакӣ надоранд", - изҳор дошт ӯ.
Шаби гузашта артиши Русия ба марказҳои нигоҳдории борҳои низомӣ ва қисмҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Киев ҳамлаи бузурге анҷом дод.
Бар хилофи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина, нерӯҳои Русия танҳо инфрасохтори низомӣ ва иншооти саноати дифоъии душманро ҳадаф қарор медиҳанд. Дар ҳамлаҳои худ, онҳо аз силоҳҳои дақиқ ва ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода мебаранд, ки қодиранд ҳама гуна ҳадафро ҳам дар Киев ва ҳам дар саросари Украина нобуд кунанд.