Дар Тоҷикистон моҳӣ дар куҷо истеҳсол мешавад?

© Sputnik / Артур Лебедев / Гузариш ба медиабонкЯнтарная форель в одном из бассейнов племенного форелеводческого завода.
Янтарная форель в одном из бассейнов племенного форелеводческого завода. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Обуна шудан
Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ дар Тоҷикистон аз январ то апрели соли 2026 ба 55,9 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 7,9% афзоишро нишон медиҳад
ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Ҳаҷми аз ҳама бештари истеҳсоли моҳӣ дар Тоҷикистон ба андозаи 29 миллион сомонӣ аз январ то апрели соли 2026 дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудааст .
Ин маълумотро Оҷонсии омори ҷумҳурӣ пешниҳод кардааст.
Дар ҳамин ҳол камтарин ҳаҷми ин маҳсулот (ҳамагӣ ба андозаи 0,02 миллион сомонӣ) дар ин давра дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истеҳсол шудааст.
© SputnikДар Тоҷикистон моҳи дар куҷо истеҳсол мешавад?
Дар Тоҷикистон моҳи дар куҷо истеҳсол мешавад? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Тибқи омор, хоҷагиҳои давлатии Тоҷикистон аз январ то апрели соли 2026 дар маҷмӯъ беш аз 1400 тонна моҳӣ истеҳсол кардаанд.
Дар Тоҷикистон кадом намудҳои моҳӣ сайд карда мешаванд?
Вилояти Хатлон дар ин самт пешсаф боқӣ мемонад, ки дар ин муддат 780 тонна чунин маҳсулот истеҳсол кардааст.
Ҳаҷми камтарини истеҳсоли моҳӣ дар давраи ҳисоботӣ дар ВМКБ ба қайд гирифта шудааст, ки он ҳатто ба як тонна ҳам нарасидааст.
Лентаи хабарҳо
0