https://sputnik.tj/20260804/khatlon-ofathoi-tabii-millionho-somoni-zarar-1079451180.html
Хатлон аз офатҳои табиӣ дар соли равон миллионҳо сомонӣ зарар дид
Хатлон аз офатҳои табиӣ дар соли равон миллионҳо сомонӣ зарар дид
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот ҳаҷми зарари расида ба вилояти Хатлон аз офатҳои табииро муайян кардааст
2026-08-04T16:41+0500
2026-08-04T16:41+0500
2026-08-04T16:41+0500
дар тоҷикистон
офати табиӣ
хатлон
хисорот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078488045_0:72:960:612_1920x0_80_0_0_523cef752f8c590c78b21382b2b411f3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст.Дар ин бора Саидаҳмад Саидов, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба гуфтаи вай, бар асари ин офатҳо ба иқтисодиёти вилоят 27 миллиону 427 ҳазору 216 сомонӣ зарар расидааст.Оқои Саидов дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ 6 нафар шаҳрванд ҷони худро аз даст додаанд.“Ҳаҷми зарар тибқи протоколи ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда муайян гардидааст”, - қайд кард ӯ.Масъулин таъкид карданд, ки ҳарчанд офатҳои табиӣ имсол шумораи камтарро ташкил медиҳанд, аммо ҳиссаи асосии зарари иқтисодии ба қайд гирифташуда маҳз ба ҳамин гуна ҳодисаҳо рост меояд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Бар асари офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.Ба гуфтаи вай, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 519 ҳолат зиёд мебошад.Раиси КҲФ хабар дод, ки аз ин шумора 123 ҳодисаро сел, 508 ҳолатро фаромадани тарма, 27 ҳолатро сангрезӣ, 26 ҳолатро заминларза, 27 ҳолатро шамоли сахт, 10 ҳолатро ярч, 11 ҳолатро бориши шадиди борон, 4 ҳолатро болоравии сатҳи об, 4 ҳолатро бориши зиёди барф ва 1 ҳолатро раъду барқ ташкил додааст.“Шумораи умумии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 28 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст”, - гуфт ӯ.Вай илова кард, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расидааст, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2025 6 нафар зиёд мебошад.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/54993
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078488045_0:0:960:720_1920x0_80_0_0_04b93249a4f3a50708c2239d29186158.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, офати табиӣ, хатлон, хисорот
дар тоҷикистон, офати табиӣ, хатлон, хисорот
Хатлон аз офатҳои табиӣ дар соли равон миллионҳо сомонӣ зарар дид
Мақомот ҳаҷми зарари расида ба вилояти Хатлон аз офатҳои табииро муайян кардааст
ДУШАНБЕ, 4 авг – Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли 2026 дар ҳудуди вилояти Хатлон 11 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Саидаҳмад Саидов, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, бар асари ин офатҳо ба иқтисодиёти вилоят 27 миллиону 427 ҳазору 216 сомонӣ зарар расидааст.
Оқои Саидов дар нишасти матбуотӣ афзуд, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ 6 нафар шаҳрванд ҷони худро аз даст додаанд.
“Ҳаҷми зарар тибқи протоколи ҷаласаи Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба ҳолатҳои фавқулодда муайян гардидааст”, - қайд кард ӯ.
Масъулин таъкид карданд, ки ҳарчанд офатҳои табиӣ имсол шумораи камтарро ташкил медиҳанд, аммо ҳиссаи асосии зарари иқтисодии ба қайд гирифташуда маҳз ба ҳамин гуна ҳодисаҳо рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки Бар асари офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳои кишвар ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.
Ба гуфтаи вай, дар шашмоҳаи якуми соли 2026 дар қаламрави ҷумҳурӣ 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 519 ҳолат зиёд мебошад.
Раиси КҲФ хабар дод, ки аз ин шумора 123 ҳодисаро сел, 508 ҳолатро фаромадани тарма, 27 ҳолатро сангрезӣ, 26 ҳолатро заминларза, 27 ҳолатро шамоли сахт, 10 ҳолатро ярч, 11 ҳолатро бориши шадиди борон, 4 ҳолатро болоравии сатҳи об, 4 ҳолатро бориши зиёди барф ва 1 ҳолатро раъду барқ ташкил додааст.
“Шумораи умумии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ дар 28 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расидааст, ки нисбат ба шашмоҳаи соли 2025 6 нафар зиёд мебошад.