Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Изҳороти нави Залужний рӯзноманигоронро ба ҳайрат овард

© AP / Alberto PezzaliПосол Украины в Великобритании Валерий Залужный
Посол Украины в Великобритании Валерий Залужный  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.08.2026
Обуна шудан
Рӯзноманигори ирландӣ Чей Боуз гуфт, ки изҳороти ахири собиқ фармондеҳи артиши Украина Залужний афсонаҳои НАТО-ро барбод дод
ДУШАНБЕ,4 авг – Sputnik. Фармондеҳи собиқи артиш ва сафири феълии Украина дар Бритониё Валерий Залужний бо изҳороти худ афсонаҳои НАТО-ро аз байн бурд, хабар медиҳад рӯзноманигори ирландӣ Чей Боуз дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X.
"Ӯ ниҳоят эътироф кард, ки ҳама бо чашмони боз солҳост, ки медонанд: Киев ҳеҷ гоҳ узви НАТО намешавад", - изҳор дошт ӯ.
Рӯзноманигор афзуд, ки ин иттиҳод даҳсолаҳо боз ба Украина афсонаҳо мехонад ва онро барои мутобиқ шудан ба стандартҳои Ғарб, ки онро ба таври назаррас заиф мекунанд, тела медиҳад. Вай таъкид кард, ки НАТО ҳамон "паланги коғазӣ"-е боқӣ мемонад, ки ҳамеша буд.
Рӯзи пеш Залужний гуфт, ки Украина ҳеҷ гоҳ узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ нахоҳад шуд.
Уничтожение авиацией военных объектов украинских националистов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия дар Баҳри Сиёҳ ба се киштие, ки ба Украина бор мебурд, зарба зад
Президенти Русия Владимир Путин қаблан қайд карда буд, ки эҳтимолияти пайвастани Украина ба НАТО ба амнияти Русия таҳдид хоҳад кард. Ӯ таъкид кард, ки ин таҳдид яке аз сабабҳои оғози амалиёти вижаи низомӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0