СПАД имкони истифодаи силоҳи ҳастаӣ барои ҳимояи кишварҳои узвро имконпазир донист

© Sputnik / Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкУчения по применению нестратегического ядерного оружия. Архивное фото
Учения по применению нестратегического ядерного оружия. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2026
Обуна шудан
Намояндаи доимӣ дар СПАД гуфт, ки стратегияи Созмон имкони истифодаи силоҳи ҳастаиро фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Виктор Василев, намояндаи доимии дар Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба РИА Новости гуфт, ки Стратегияи Амнияти Созмон истифодаи силоҳҳои ҳастаиро барои дифоъ аз иттифоқчиён иҷозат медиҳад.
"Ҳуҷҷатҳое, ки барои пешбурди ин Стратегия, инчунин доктринаи низомии Федератсияи Русия қабул шудаанд, имконияти истифодаи силоҳи ҳастаиро, аз ҷумла барои дифоъ аз иттифоқчиён дар сурати ҳамла пешбинӣ мекунанд", - гуфт ӯ.
Манбаи агентӣ шарҳ дод, ки ҳуҷҷати қабулшуда аз ҷониби СПАД, дар байни чолишҳо ва таҳдидҳои кунунӣ ба амнияти дастаҷамъӣ, имкони афзоиши шумораи давлатҳоеро, ки дорои қобилиятҳои ҳастаии низомӣ мебошанд, инчунин паҳншавии силоҳҳои қатли ом ва системаҳои интиқоли онҳоро муайян мекунад.
Учения со спасательными подразделениями ОДКБ Скала-2024 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2026
Дар Тоҷикистон Маркази вокуниши башардӯстонаи СПАД таъсис дода мешавад
Кишварҳои Аврупо ба наздикӣ риторикаи худро дар ин самт шадидтар кардаанд. Масалан, дар аввали моҳи март, президенти Фаронса Эммануэл Макрон эълон кард, ки Париж ба давраи "пешрафти пешгирии ҳастаӣ" ворид мешавад.
Ёдоаар мешавем, ки СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ) як созмони байналмилалии ҳарбӣ-сиёсӣ мебошад. Ин созмон пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.
Аъзои созмон Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0