https://sputnik.tj/20260803/korkhonaho-janub-ural-rusiya-hamkori-tojikiston-taqviyat-1079434775.html
Корхонаҳои ҷануби Урали Русия ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон тақвият медиҳанд
Корхонаҳои ҷануби Урали Русия ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони Корхонаҳои митақаҳои ҷануби Урали Русия вориди Тоҷикистон шуданд, то заминаи ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон пурзур кунанд
2026-08-03T18:49+0500
2026-08-03T18:49+0500
2026-08-03T18:49+0500
дар тоҷикистон
русия
челябинск
ҳамкорӣ
тиҷорат
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/11/1076108296_0:181:2048:1333_1920x0_80_0_0_40d40a2df2ae71190a80b4236d196101.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Намояндагони ширкатҳои саноатии манотиқи Урали Ҷанубӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.Дар ин бора намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати тиҷоратӣ, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии вилояти Челябинск ташкил карда шуда буд, намояндагони ширкатҳои “Сила Урала”, “Бур-Инструмент Экспорт” ва “Увелка” ҳузур доштанд.Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва тиҷорати минтақаи Урал, онҳо дар Душанбе беш аз 30 вохӯрӣ анҷом доданд."Барои ширкатҳо, ин сафар намоиши имконияти мо дар пармакунии чоҳҳои об ва ҷустуҷӯи геологӣ мебошад. Ҳамчунин ин сафар имконияти шиносоӣ бо кишвари дӯст ва мардуми бародари он ва гузоштани замина барои шарикии қавӣ мебошад", - қайд кард Лилия Безрукова, директори “Бур-Инструмент Экспорт”.Дар давоми сафар содиркунандагон дар Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон мулоқот баргузор карданд.Дар он инчунин Магомед Тоштамиров, намояндаи Маркази содироти Русия ва Алиҷон Қодиров, директори генералии TajBuild, ширкат доштанд. Иштирокчиён имкониятҳои густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, маҳаллисозии лоиҳаҳо ва таъмини маҳсулоти Русия ба бозори Тоҷикистонро баррасӣ карданд."Иштирок дар миссияи тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки ба бозигарони калидии соҳа дастрасӣ пайдо кунем. Мо ҳамкориҳое ба роҳ мондаем, ки ба мо имкон медиҳанд, ки ба сатҳи стратегии таъминот бирасем. Ҳадафи мо ин аст, ки таҷҳизоти мо ба стандарти корхонаҳои кишвар мутобиқ бошад. Мо ба эътимоди шумо арҷ мегузорем ва омодаем, ки фаъолияти бефосиларо таъмин кунем ва ба ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд умед бандем", - гуфт Светлана Наумова, директори ширкати “СилаУрала”.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/58655
русия
челябинск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/11/1076108296_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_b580e8572e31ec3a16225c224e20a61d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, челябинск, ҳамкорӣ, тиҷорат, саноат
дар тоҷикистон, русия, челябинск, ҳамкорӣ, тиҷорат, саноат
Корхонаҳои ҷануби Урали Русия ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон тақвият медиҳанд
Намояндагони Корхонаҳои митақаҳои ҷануби Урали Русия вориди Тоҷикистон шуданд, то заминаи ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон пурзур кунанд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Намояндагони ширкатҳои саноатии манотиқи Урали Ҷанубӣ аз Тоҷикистон боздид карданд.
Дар ин бора намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати тиҷоратӣ, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии вилояти Челябинск ташкил карда шуда буд, намояндагони ширкатҳои “Сила Урала”, “Бур-Инструмент Экспорт” ва “Увелка” ҳузур доштанд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати саноат ва тиҷорати минтақаи Урал, онҳо дар Душанбе беш аз 30 вохӯрӣ анҷом доданд.
"Барои ширкатҳо, ин сафар намоиши имконияти мо дар пармакунии чоҳҳои об ва ҷустуҷӯи геологӣ мебошад. Ҳамчунин ин сафар имконияти шиносоӣ бо кишвари дӯст ва мардуми бародари он ва гузоштани замина барои шарикии қавӣ мебошад", - қайд кард Лилия Безрукова, директори “Бур-Инструмент Экспорт”.
Дар давоми сафар содиркунандагон дар Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон мулоқот баргузор карданд.
Дар он инчунин Магомед Тоштамиров, намояндаи Маркази содироти Русия ва Алиҷон Қодиров, директори генералии TajBuild, ширкат доштанд. Иштирокчиён имкониятҳои густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, маҳаллисозии лоиҳаҳо ва таъмини маҳсулоти Русия ба бозори Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
"Иштирок дар миссияи тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ба мо имкон дод, ки ба бозигарони калидии соҳа дастрасӣ пайдо кунем. Мо ҳамкориҳое ба роҳ мондаем, ки ба мо имкон медиҳанд, ки ба сатҳи стратегии таъминот бирасем. Ҳадафи мо ин аст, ки таҷҳизоти мо ба стандарти корхонаҳои кишвар мутобиқ бошад. Мо ба эътимоди шумо арҷ мегузорем ва омодаем, ки фаъолияти бефосиларо таъмин кунем ва ба ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд умед бандем", - гуфт Светлана Наумова, директори ширкати “СилаУрала”.