Футболбози маъруфи Валерий Турсунов даргузашт

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаВалерий Турсунов.
Валерий Турсунов. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2026
Обуна шудан
Коршиносони соҳаи варзиш ӯро дар қатори дигар намояндагони барҷастаи футбол дар ҷумҳурӣ яке аз беҳтарин бозигарон дар таърихи футболи тоҷик мешуморанд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Футболбози маъруфи тоҷик ва бозингари калидии "Помир Душанбе" Валерий Турсунов дар синни 71-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар дод.
Коршиносон анъанавӣ ӯро дар қатори бозигароне ба монанди Муҳсин Муҳаммадиев, Рашид Раҳимов, Олег Ширинбеков ва Владимир Ғуломҳайдаров яке аз беҳтаринҳо дар таърихи футболи тоҷик мешуморанд.
Аз ҷумлаи бартариҳои ӯ, қобилияти нигоҳдошти тӯб, голзанӣ аз ҳар мавқеъ ва иҷрои моҳиронаи зарбаҳои ҷаримавӣ меноманд.
Турсунов ҳангоми донишҷӯ буданаш дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон ба футболи касбӣ ворид шуд. Соли 1974 ӯро барои бозӣ дар яке аз клубҳои беҳтарини Тоҷикистон, "Помир" (Душанбе), ки он вақт дар Лигаи якуми ИҶШСбозӣ мекард, даъват намуданд. Ӯ дар бозии аввалини худ бар зидди "Торпедо Кутаиси" ду гол зад, ки ин кор ба ӯ дар ворид шудан ҳайати асосии даста кумак кард.
Баъдан ӯ дар соли 1988 барои баромадани "Помир" ба Лигаи Олии шӯравӣ саҳм гузошт, аммо ба зудӣ маҷбур шуд, ки аз сабаби ҷароҳатҳои музмин бошгоҳро тарк кунад.
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев аз дунё даргузашт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2026
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев аз дунё даргузашт
Дар аввали солҳои 1990-ум Турсунов ба Австрия кӯчид, ки дар он ҷо якчанд футболбозони тоҷик дар дастаҳои маҳаллӣ бозӣ мекарданд. Ӯ дар бошгоҳҳои лигаҳои дуюм ва сеюми кишвар бозӣ мекард.
Як сол пас, ӯ ба ватан баргашт ва фаъолияти мураббигии худро оғоз кард ва ба ҳайати мураббиёни "Помир" таҳти роҳбарии Шариф Назаров ҳамроҳ шуд. Ӯ инчунин муддати тӯлонӣ (аз соли 1996 то 2013) дар Федератсияи футболи Тоҷикистон кор мекард.
Дар маҷмӯъ, Турсунов дар ҳайати "Помир" 542 бозӣ анҷом дода, 173 гол задааст. Ӯ рекорди бошгоҳро ҳам аз рӯи шумораи бозиҳои баргузоршуда дар Чемпионати ИҶШС ва ҳам аз рӯи шумораи голҳои задашуда дорад.
Лентаи хабарҳо
0