https://sputnik.tj/20260802/vazorati-mehnati-tojikiston-ba-muhojiron-az-qoidahoi-vurud-ba-rusiya-yodovar-shud-1079417453.html
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба муҳоҷирон аз қоидаҳои вуруд ба Русия ёдовар шуд
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба муҳоҷирон аз қоидаҳои вуруд ба Русия ёдовар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Барои роҳ надодан ба мушкилот ҳангоми сафар ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки аз хизматрасониҳои намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия истифода баранд.
2026-08-02T15:41+0500
2026-08-02T15:41+0500
2026-08-02T15:41+0500
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
русия
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076879703_0:82:3077:1813_1920x0_80_0_0_5647cdbde7e4f5e78f8e3b5103612d3b.jpg
ДУШАНБЕ, 2 август — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар ба Русияро доранд, бояд аз хидмати намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати умури дохилии Русия дар ҷумҳурӣ истифода кунанд.Ин тавсияро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хоҳишмандони сафар ба Федератсияи Русия додааст.Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз намояндагии Русия дидан кунанд, то дар сафар ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.Раёсат ёдовар шуд, ки дар намояндагии хадамоти русиягӣ муҳоҷирон метавонанд пешакӣ аз расмиёти изи ангуштон гузашта, инчунин мавҷуд ё набудани маҳдудиятҳои вурудро тафтиш кунанд.Илова бар ин, Вазорати меҳнат тавсия медиҳад, ки муҳоҷирон пешакӣ тавассути барномаи мобилии RuID Services дархост пешниҳод кунанд ва рамзи QR-ро гиранд.Вазорат қайд мекунад, ки истифодаи ин хадамот вақтро сарфа намуда, убури сарҳадро содда карда, зарурати гузариши дубораи сабти номи биометрӣ ва гирифтани шаҳодатномаи донистани забонҳоро аз байн мебарад.Илова бар ин, ба муҳоҷирони корӣ ҳуқуқи гирифтани ҷуброн дар сурати ҷароҳат бардоштан ҳангоми кор дар муҳоҷират ёдовар шуданд.Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷои кор маҷрӯҳ шудаанд, тибқи қонунгузории Русия, ҳақ доранд, барои ҷубронпулӣ ва дастгирии иҷтимоӣ муроҷиат кунанд, хабар медиҳад намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон.Раёсат таъкид кардааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муҳоҷиронро зарур аст, ки бо корфармо расман шартномаи меҳнатӣ имзо кунанд. Дар шартнома бояд шароити меҳнат, музди меҳнат, вақти кор ва тартиби пардохти ҷуброн ҳангоми ҷароҳат дар ҷои корї ё дигар садама муайян карда шавад.Аз муҳоҷирон низ даъват карда шуд, ки қоидаҳои бехатариро бодиққат ва қатъиян риоя кунанд. Барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кунанд.
https://sputnik.tj/20260727/rusiya-qoidaho-nav-farzandon-muhojir-boligh-jori-1079254041.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/10/1076879703_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_f6f21e13c682e193c56fdd6189ec6984.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон, русия, қонун
муҳоҷират, муҳоҷирони корӣ, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон, русия, қонун
Вазорати меҳнати Тоҷикистон ба муҳоҷирон аз қоидаҳои вуруд ба Русия ёдовар шуд
Барои роҳ надодан ба мушкилот ҳангоми сафар ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дода мешавад, ки аз хизматрасониҳои намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия истифода баранд.
ДУШАНБЕ, 2 август — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар ба Русияро доранд, бояд аз хидмати намояндагии хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати умури дохилии Русия дар ҷумҳурӣ истифода кунанд.
Ин тавсияро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хоҳишмандони сафар ба Федератсияи Русия додааст.
Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз намояндагии Русия дидан кунанд, то дар сафар ба мушкилот рӯ ба рӯ нашаванд.
Раёсат ёдовар шуд, ки дар намояндагии хадамоти русиягӣ муҳоҷирон метавонанд пешакӣ аз расмиёти изи ангуштон гузашта, инчунин мавҷуд ё набудани маҳдудиятҳои вурудро тафтиш кунанд.
Илова бар ин, Вазорати меҳнат тавсия медиҳад, ки муҳоҷирон пешакӣ тавассути барномаи мобилии RuID Services дархост пешниҳод кунанд ва рамзи QR-ро гиранд.
Вазорат қайд мекунад, ки истифодаи ин хадамот вақтро сарфа намуда, убури сарҳадро содда карда, зарурати гузариши дубораи сабти номи биометрӣ ва гирифтани шаҳодатномаи донистани забонҳоро аз байн мебарад.
Илова бар ин, ба муҳоҷирони корӣ ҳуқуқи гирифтани ҷуброн дар сурати ҷароҳат бардоштан ҳангоми кор дар муҳоҷират ёдовар шуданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ҷои кор маҷрӯҳ шудаанд, тибқи қонунгузории Русия, ҳақ доранд, барои ҷубронпулӣ ва дастгирии иҷтимоӣ муроҷиат кунанд, хабар медиҳад намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон.
Раёсат таъкид кардааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муҳоҷиронро зарур аст, ки бо корфармо расман шартномаи меҳнатӣ имзо кунанд. Дар шартнома бояд шароити меҳнат, музди меҳнат, вақти кор ва тартиби пардохти ҷуброн ҳангоми ҷароҳат дар ҷои корї ё дигар садама муайян карда шавад.
Аз муҳоҷирон низ даъват карда шуд, ки қоидаҳои бехатариро бодиққат ва қатъиян риоя кунанд. Барои гирифтани машварати ҳуқуқӣ шаҳрвандон метавонанд ба намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Маскав муроҷиат кунанд.