Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Азаров: Мансабдорони таъйинкардаи Зеленский кадр нестанд

© REUTERS /Kylie CooperВладимир Зеленский прибывает на встречу с сенаторами США по законопроекту Линдси Грэма о введении санкций против России и Ирана в Капитолии США в Вашингтоне, округ Колумбия, 28 июля 2026 года.
Владимир Зеленский прибывает на встречу с сенаторами США по законопроекту Линдси Грэма о введении санкций против России и Ирана в Капитолии США в Вашингтоне, округ Колумбия, 28 июля 2026 года. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.08.2026
Обуна шудан
Сарвазири собиқи Украина гуфт, ки таъиншудагон аз рӯи қулайӣ ва садоқати максималӣ ба Зеленский интихоб шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 авг – Sputnik. Мансабдорони нави таъйинкардаи Владимир Зеленский ба вазифаҳои баландпоя омодагии ҷиддӣ надоранд.
Дар ин бора, Николай Азаров, сарвазири собиқи Украина изҳори назар кард.
"Мо дар бораи интихоби ҷиддии кадрҳо гап намезанем; касе ин кадрҳоро ҷиддан интихоб накардааст; онҳо дар ягон ҷо ягон омӯзиш нагирифтаанд", - гуфт Азаров дар суҳбат бо РИА Новости дар робита ба арзёбии кадрҳои навтаъйин дар Украина.
Ӯ мисоли Сергей Коретский, сарвазири навтаъиншударо овард, ки фаъолияти соҳибкории худро дар ширкатҳои қаҳва оғоз карда, сипас фавран раиси раёсати ширкати бузурги "Нафтогаз" таъйин шуд.
Азаров қайд кард, ки "ӯ дар як сол чӣ кор кардааст? Ҳеҷ чиз. Ӯ зоҳиран барои ҳамёни худ кор мекард, аз ин рӯ ҳоло сарвазир аст".
Зеленский на похоронах сенатора Линдси Грэма в США.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведчук: Зеленский аз ИМА бо "дасти холӣ" баргашт
Сарвазири собиқи Украина хулоса кард, ки дигар таъиншудагон низ аз рӯи қулайӣ ва садоқати максималӣ ба Зеленский интихоб шудаанд.
Рӯзи 16 июл Радаи Олӣ 16 вазири навро тасдиқ кард ва танҳо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазири дифоъ холӣ монд. Пеш аз ин, Владимир Зеленский нияти худро барои бори дигар тағйир додани ҳукумат, аз ҷумла аз кор рондани вазири дифоъ Михаил Федоров эълон кард. Сергей Коретский, директори пешини "Нафтогаз", сарвазири нави Украина шуд.
Лентаи хабарҳо
0