Тоҷикистониён дар моҳи август чанд рӯз истироҳат мекунанд?

Обуна шудан
Шаҳрвандони Тоҷикистон дар моҳи охирини тобистон ва моҳи гармтарини сол тибқи тақвими муқаррарӣ кор ва истироҳат хоҳанд кард
Моҳи оянда дар Тоҷикистон рӯзҳои ид ва истироҳати иловагӣ нест ва кору истироҳат тибқи тақвими муқаррарӣ сурат хоҳад гирифт.
Пас аз он ки сокинони Тоҷикистон яке аз идҳои асосии ҷумҳуриро дар моҳи июн - Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карданд, дар моҳи июл ҳама тибқи тақвими муқаррарӣ сурат гирифт.
Илова бар ин, дар ин моҳ дар ҷумҳурӣ якчанд идҳое ҷашн гирифта мешаванд, кибарои онҳо рӯзи иловагии истироҳатӣ пешбинӣ нашудааст.
Аз ҷумлаи онҳо Рӯзи варзишгарон аст, ки 10 август баргузор мешавад. Маъмулан дар кишвар барои таҷлили ин ид марафонҳои велосипедронӣ, мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳои варзишӣ баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон дар тӯли сол идҳои мухталиф, аз ҷумла байналмилалӣ, касбӣ, давлатӣ ва динӣ таҷлил мешавад, ки бархеи онҳо таътилу қисми дигарашон корӣ мебошанд.
Рӯзҳои ид ва истироҳат дар қонун инъикос ёфта, баъдан агар зарурати иваз кардани рӯзҳои корӣ бо ғайрикорӣ пеш ояд, он бо қарори ҳукумат таъйид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0