Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский шарикони ғарбиаш мушак барои падофанди ҳавоӣ талаб кард

© Foto / Владимир Зеленский / TelegramВстреча Владимира Зеленского с президентом США Дональдом Трампом.
Встреча Владимира Зеленского с президентом США Дональдом Трампом.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Обуна шудан
Зеленский пас аз ҳамлаҳои Русия бори дигар аз кишварҳои Ғарб хост системаҳои падофанди ҳавоӣ талаб кард
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Раҳбари режими Киев Владимир Зеленский пас аз ҳамлаҳои ҳавоии шабонаи Русия талаб кард, ки кишварҳои Ғарб вазифадоранд Украинаро бидуни таъхир ё дудилагӣ бо падофанди ҳавоӣ таъмин кунад.
"Ҳамаи шарикон медонанд, ки чӣ гуна ва бо кадом роҳ метавонанд кумак кунанд", - навишт Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Рӯзи панҷшанбе Вазорати дифоъ хабар дод, ки артиши Русия ба фурудгоҳҳо ва иншооти низомӣ дар якчанд минтақаҳои Украина ҳамлаҳои бузурге анҷом доданд.
Ҳадафҳои ҳамла ба иншоот дар Киев ва Лвов, инчунин дар минтақаҳои Ивано-Франковск, Житомир, Ровно, Виннитса ва Днепропетровск буданд.
Боевая работа подразделений на Краматорском направлении. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Паҳподҳои Русия дар Николаевка ба логистикаи артиши Украина зарба заданд: видео
Ҳадафҳои дигаре, ки ба онҳо зарба зада шуд, ин як киштии боркаш дар бандари Южный ва ду киштии дигар дар наздикии Одесса буданд. Онҳо барои интиқоли силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ истифода мешуданд.
Вазорат афзуд, ки ҳангоми ҳамла артиш аз силоҳҳои дақиқи дурбурди заминӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ, инчунин аз паҳподҳо истифода кардааст.
Лентаи хабарҳо
0