Бозгашт паз аз чаҳор соли ҷудоӣ: Ваҳдат ба Истиқлол баргашт

© Foto / FC Istiklol DushanbeВахдат Ханонов
Вахдат Ханонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Обуна шудан
Ваҳдат Ҳаннонов, футболбози шинохта тоҷик, ки чаҳор соли ахир дар тимҳои "Персиполис" ва "Сипоҳон"-и Эрон бозӣ мекард ба Тоҷикистон бозгашт
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Пас аз чаҳор сол Ваҳдат Ханонов дубора ба тими "Истиқлол"-и Душанберо баргашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти бошгоҳи "Истиқлол" хабар додааст.
“Ӯ бармегардад, то таҷриба, ҷасорат ва эътимодро ба хатти дифоъ оварад. Зеро баъзе саргузаштҳо ҳаргиз анҷом намеёбанд - онҳо идома доранд”, - қайд кардааст Тими Истиқлол
Ваҳдат Ҳаннонов 25 сол дошта, аз футболбозони маъруфи Тоҷикистон аст. Ӯ солҳои ахир дар тимҳои "Персиполис" ва "Сипоҳон"-и Эрон бозӣ мекард.
Ваҳдат Ҳаннонов, 17-уми март дар саҳифаи шабакаи иҷтимоиаш навишт, ки бозиашро дар тими миллӣ хотима медиҳад.
Защитник национальной сборной Таджикистана Вахдат Ханонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2024
Ҳаннонов аз Персеполис ба тими "Сипоҳон"-и Исфаҳон гузашт
Ин футболбоз навиштааст, рафтан аз тими миллӣ барояш тасмими сахт буд, аммо дар ин марҳилаи зиндагӣ онро қарори дуруст меҳисобад.
"Вақти ба пеш ҳаракат кардан омадааст, бо ҳадаф ва имкониятҳои нав",-навиштааст Ваҳдат Ҳаннонов.
Ваҳдат Ҳанонов аз соли 2018 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекард. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати мунтахаби кишвар 35 бозӣ анҷом дода, 4 гол задааст.
Лентаи хабарҳо
0