Рушди тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон ба 770 миллион доллар расид

© Sputnik / Виталий АньковКонтейнерная площадка на территории мультимодального транспортно-логистического центра "Артем" в Приморском крае.
Контейнерная площадка на территории мультимодального транспортно-логистического центра Артем в Приморском крае.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Обуна шудан
Ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистону Қазоқистон дар нимаи нахусти соли ҷории милодӣ бо рушди 33,2 дарсадии нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта ба 770,1 милюн доллар расид
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Бар асоси иттилои Агентии омори Тоҷикистон, ҳаҷми мубодилоти тиҷории ин кишвар бо Қазоқистон дар 6 моҳи нахусти соли 2026 ба 770,1 миллион доллар расид, ки нисбат ба соли гузаштаи 192, 1 миллион доллар афзоиш доштааст.
Дар ин муддат, воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон бо рушди 32.4 дарсадӣ ба 712.9 миллион доллар расид, дар ҳоле ки содироти Тоҷикистон ба ин кишвар бо афзоиши 44,3 дарсадӣ ба 57,2 миллион доллар афзоиш ёфт.
Қазоқистон дар ҳоли ҳозири пас аз Чину Русия сеюмин шарики тиҷории бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва 13,6 дарсад аз кули воридот ва 3,6 дарсад аз содироти ин кишварро ба худ ихтисос додааст.
Муҳимтарин колоҳои воридотии Тоҷикистон аз Қазоқистон шомили гандум, милгард (арматура), гази моеъ, уксидҳои алюминиум, равғанҳои гиёҳӣ будааст.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Республику Казахстан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Раҳмон ба Қазоқистон рафт: Чаро?
Дар муқобил, сангу консентрати рӯй, сурби хом ва бархе маҳсулоти санъатӣ ва кишоварзӣ аз муҳимтарин ақломи содиротии Тоҷикистон ба Қазоқистон ба шумор май раванд.
Ҳамчунин дар нимаи нахусти соли ҷорӣ, 184 қалами колои ҷадид дар феҳристи воридоти Тоҷикистон аз Қазоқистон ва 65 қалами колои ҷадид дар содироти ин кишвар ба Қазоқистони сабт шудааст ки нишондиҳанда густариши танаввуъи ҳамкориҳои тиҷории миёни ду кишвар аст.
Лентаи хабарҳо
0