Раҳмон баъд аз Қазоқистон ба Қирғизистон рафт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.07.2026
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баъд аз бозгашташ Қазоқистон, ки дар маросими ифтитоҳи “Бозиҳои оянда” иштирок кард, ба Қирғизистон сафар кард
ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атаи Қирғизистон сафар карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар президенти Тоҷикистонро ёрдамчиаш дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки 29 июл президенти Тоҷикистон бо даъвати ҳамтои қазоқаш ба Қазоқистон сафар кард ва дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии “Бозиҳои оянда” иштирок намуд.
Бори ахир президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон 26 ноябр соли 2025 сафар карда буд.
Раҳмон бо Тоқаев масъалаи интиқоли маҳсулоти нафтиро баррасӣ кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Раҳмон бо Тоқаев масъалаи интиқоли маҳсулоти нафтиро баррасӣ кард.
Он замон президент ба Бишкек бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ сафар карда буд.
Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки Президенти Озарбойҷон ҳамчун меҳмони фахрӣ барои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, иқтисодӣ ва энергетикӣ роҳандозӣ шудаанд. Ин нишастҳо ба таҳкими амният ва робитаҳои нақлиётию транзитӣ равона гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0