https://sputnik.tj/20260729/tojikiston-milliard-dollar-sarmoya-khoriji-jalb-1079302671.html
Тоҷикистон наздик ба ду миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб кардааст
Тоҷикистон наздик ба ду миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар дар се моҳназдик ба ду миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст
2026-07-29T16:41+0500
2026-07-29T16:41+0500
2026-07-29T16:41+0500
дар тоҷикистон
сармоягузорӣ
лоиҳа
кумитаи сармоягузорӣ
тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/19/1076327122_0:330:2464:1716_1920x0_80_0_0_fbefbe93bea287dfc2ccbb4953b949fd.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 фазои сармоягузорӣ дар кишвар беҳтар гардидааст.Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи сармоягузорӣ Султон Раҳимзода хабар дод.Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба иқтисодиёти кишвар 1 миллиарду 898,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз зиёд мебошад.Вай қайд кард, ки ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ низ ба 187,7 миллион доллар расида, 60,3 фоиз афзоиш ёфтааст.Ҳамзамон оқои Раҳимзода қайд кард, ки дар ин давра 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 455 миллион доллар ба имзо расида, дар доираи онҳо таъсиси зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин, бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ барои татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 386,9 миллион доллар ба имзо расидааст.Инчунин ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ба ҳолати 1-уми июли соли равон маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Тоҷикистон аз 89 адад (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 52,2 млрд. сомонӣ (5 633,8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/19/1076327122_0:4:2464:1852_1920x0_80_0_0_6301d2718a83ca995a1a7447ebd810e1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сармоягузорӣ, лоиҳа, кумитаи сармоягузорӣ, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ
дар тоҷикистон, сармоягузорӣ, лоиҳа, кумитаи сармоягузорӣ, тиҷорат ва ҷалби сармоягузорӣ
Тоҷикистон наздик ба ду миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб кардааст
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба иқтисодиёти кишвар дар се моҳназдик ба ду миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 фазои сармоягузорӣ дар кишвар беҳтар гардидааст.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи сармоягузорӣ Султон Раҳимзода хабар дод.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба иқтисодиёти кишвар 1 миллиарду 898,1 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,2 фоиз зиёд мебошад.
Вай қайд кард, ки ҳаҷми сармояи мустақими хориҷӣ низ ба 187,7 миллион доллар расида, 60,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон оқои Раҳимзода қайд кард, ки дар ин давра 6 созишномаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 455 миллион доллар ба имзо расида, дар доираи онҳо таъсиси зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, бо шарикони рушд 17 созишномаи қарзию грантӣ барои татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 386,9 миллион доллар ба имзо расидааст.
Инчунин ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ ба ҳолати 1-уми июли соли равон маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Тоҷикистон аз 89 адад (55 лоиҳаи грантӣ, 5 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 52,2 млрд. сомонӣ (5 633,8 млн. доллар)-ро ташкил медиҳад.