Ҷазои ҷудокорони номдори тоҷик барои нақзи интизоми касбӣ: Аз мусобиқаҳо маҳрум шуданд

© AP / Eugene HoshikoТемур Рахимов. Архивное фото
Темур Рахимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2026
Обуна шудан
Ҳафт ҷудокори маъруфи Тоҷикистон барои нақзи интизоми касбӣ аз мусобиқаҳо барои 4 моҳ маҳрум шуданд
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳафт варзишгари тими мунтахаби кишварро барои чор моҳ аз иштирок дар ҳамаи мусобиқаҳо маҳрум кардааст.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин қарор нисбати Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, Обид Ҷебов, Абдуллои Ориф, Умедҷон Раҷабов, Виктория Киселёва ва Александра Кан қабул шудааст.
Қайд карда шудааст, ки сабаби маҳрумият вайрон кардани интизоми касбӣ, сарпечӣ аз иштирок ва ҳозир нашудан ба се давраи ҷамъомади таълимиву тамринии дастаҷамъона таҳти роҳбарии мураббиёни нави тими мунтахаб будааст.
Ин ҷамъомадҳо барои омодагии мунтахаби ҷудои Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиё дар Ҷопон ва Қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку баргузор мешуданд.
Ҷудокорони тоҷик дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 бе медал монданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2026
Ҷудокорони тоҷик дар Qazaqstan Barysy Grand Slam 2025 бе медал монданд.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки варзишгарон нисбат ба дигар аъзои даста беҳурматӣ зоҳир карда, нақшаи расмии омодагиро риоя накардаанд.
Дар қарори Комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон таъкид шудааст, ки сарфи назар аз даъватҳои такрории масъулон ба паҳлавонон ва мураббиёни онҳо барои иштирок дар машқҳо, аз ҷониби онҳо ҳеҷ гуна посух ё аксуламал ироа нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0