Русия маблағгузории Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро аз сар гирифт

© SputnikРоссийско-Таджикский славянский университет, архивное фото
Российско-Таджикский славянский университет, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2026
Обуна шудан
Ин иқдом имкон медиҳад ба омӯзгорон ва донишҷӯён маошу бурси таҳсилӣ диҳанд
ДУШАНБЕ, 28 июл – Sputnik. Русия маблағгузории Донишгоҳиславянии Тоҷикистону Русияро аз сар гирифт.
Дар ин бора ректори донишгоҳ Алексей Золотухин зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай қайд кард, ки буҷаи институт ба наздикӣ тасдиқ шудааст ва маблағҳо интиқол дода шудаанд.
"Ба ҳамаи кормандон, инчунин донишҷӯёни донишгоҳ, минбаъд маош ва стипендия дода мешавад", - гуфт Золотухин.
Вай афзуд, ки айни замон дар мавриди маблағгузории донишгоҳ ягон мушкиле вуҷуд надорад.
Маблағгузории Маскав ба Донишгоҳ бо сабаби таъйини Илҳомуддин Иброҳимзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва академики Академияи байналмилалии нақлиёти Русия, дар моҳи ноябри соли 2025 сурат гирифт. Вазорати маорифи Русия он замон гуфт, ки оқои Иброҳимзода ғайриқонуни ва бидуни машварат бо Русия ба вазифа таъйин шудааст ва аз мақомоти Тоҷикистон хост онро барканор кунад.
Заместитель Министра науки и высшего образования Российской Федерации Константин Могилевский.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2026
Могилевский: Донишгоҳи славянӣ постгоҳи асосии маорифи Русия дар Тоҷикистон аст
Баъдан, ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор чораҳои заруриро барои ҳалли зудтари масъалаҳо ва баргардонидани фаъолияти пурраи донишгоҳ андешиданд.
17 июли соли ҷорӣ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармонеро содир кард, ки доктори илмҳои ҳуқуқ ва профессор Алексей Золотухинро, ки қаблан ноиби аввали ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд, ба мақоми ректори ин Донишгоҳ таъин кард.
Иброҳимзода, мувофиқи фармони ҳукумат, ки аз ҷониби сарвари давлат имзо шуда буд, ба вазифаи муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъйин шуд.
Лентаи хабарҳо
0