Путин аз таъсиси бозори хидматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ дар ИИАО эълон кард

© Sputnik / POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин на пленарной сессии XXII Форума межрегионального сотрудничества Российской Федерации и Республики Казахстан в Омске.
Президент РФ Владимир Путин на пленарной сессии XXII Форума межрегионального сотрудничества Российской Федерации и Республики Казахстан в Омске.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2026
Обуна шудан
Аз ҷумлаи лоиҳаҳои муваффақи АвруОсиё, президенти Русия аз ҷорӣ намудани борномаи электронии байналмилалии боркашонӣ ва истифодаи мӯҳрҳои навигатсионӣ қайд кард
ДУШАНБЕ, 27 июл - Sputnik. Дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) бозори ягонаи хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ ташаккул меёбад.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин дар Форуми ҳамкории байниминтақавии Русия ва Қазоқистон эълон кард.
"Дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бозори ягонаи хизматрасониҳои нақлиётӣ ва логистикӣ ташаккул меёбад, либерализатсияи тадриҷии режимҳои интиқоли мутақобила идома дорад. Тарифҳо якхела мешаванд ва идоракунии электронии ҳуҷҷатҳо таҳия хоҳад шуд ", - гуфт раҳбари Русия.
Аз ҷумлаи лоиҳаҳои воқеан муваффақи АвруОсиё, Путин аз ҷорӣ намудани борномаи электронии байналмилалии боркашонӣ ва истифодаи мӯҳрҳои навигатсиониро, ки расмиёти назорати сарҳадро суръат мебахшанд, қайд кард.
Флаги ЕАЭС.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2026
Вазорати саноати Русия: Содирот ба ИИАО 10% афзоиш ёфта, ба 16 миллиард доллар расид
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0