Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич баргузор шуд – видео

Обуна шудан
Имрӯзҳо дар шаҳри ДУшанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мешаванд
Ахиран дар Боғи "Низомиддин Алишер Навоӣ"-и пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Деваштич баргузор гардид.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар қатори меҳмонон ва сокинони пойтахт бо дастовардҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияи Деваштич аз наздик шинос шуд.
Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Дар намоиш-фурӯш ҳама ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо маҳсулоти гуногун хаймаҳои зиёд ороста, анвои гуногуни маҳсулот ва ҳунармандон маҳсули дастонашонро ба сокинону меҳмонони пойтахт пешниҳод карданд.
Бо суруд, рақс ва ашки чашмон: консерт ба ифтихори Рӯзи Ғалаба дар Душанбе чӣ гуна гузашт
Дар намоиш маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз қабили помидор, картошка, пиёз, бодаринг, зардолу, тухм, тарбуз, харбуза, асал, себ, шафтолу ва ғайра бо нархи нисбат ба бозор арзонтар ба фурӯш гузошта шуда, сокинони пойтахт аз он харидорӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо тибқи "Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026" баргузор мешаванд.
Дар ин рӯзҳо кормандони шуъбаҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди барномаи ҷолиби консертӣ, намоиши молу маҳсулот ва ҳунарҳои мардумӣ хотири сокинон ва меҳмонони пойтахтро шод мегардонанд.
Лентаи хабарҳо
0