"Шикор"-и бобарори "Уқоб"-и тоҷик: Нурулло Алиев рақобати навбатияшро дар UFC бурд

© telegram Sputnik_Tajikistan / Гузариш ба медиабонкНурулло Алиев пирӯзии навбатияшро дар UFC ба даст овард
Нурулло Алиев пирӯзии навбатияшро дар UFC ба даст овард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2026
Обуна шудан
Алиев, 25-сола акнун 12 пирӯзии бидуни бохт дорад, ки аз ин чаҳор пирӯзияш дар ташкилоти бонуфузи UFC ба даст омадаанд
ДУШАНБЕ, 26 июл - Sputnik. Размикори шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев рақобати навбатияшро дар UFC ба даст овард.
Ӯ дар доираи мусобиқаи UFC Fight Night 282, ки дар Абу-Дабӣ доир шуд бар Майк Дэвиси амрикоӣ пирӯзии боварибахш ба даст овард.
Дар мусобиқаи вазни сабук, Алиев дар ҳар се раунд бартарӣ дошт, ки ин дар ҷадвали холҳои доварон инъикос ёфт: ҳамаи доварон якдилона ба паҳлавони тоҷик пирӯзиро бо ҳисоби 30-27 доданд.
Алиев, 25-сола акнун 12 пирӯзии бидуни бохт дорад, ки аз ин чаҳор пирӯзияш дар UFC ба даст омадаанд.
Дэвис, 33-сола (12-4), ки рақиби сарсахти размикори тоҷик гуфта мешуд, чорумин шикасти касбии худро аз сар гузаронд.
Ӯ пас аз пирӯзӣ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки интизорам, ки рӯзи сешанбе худро дар15-гонаи беҳтарин бубинад.
Дар бораи нақшаи рақобатҳои ояндааш изҳор дошт, ки мехоҳад бо Дориюш мубориза барам.
Размикори шинохтаи тоҷик Муҳаммад Наимов рақобати навбатияшро дар UFC доир мекунад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2026
Размикори шинохтаи тоҷик Муҳаммад Наимов рақобати навбатияшро дар UFC доир мекунад.
Дар ҳамин ҳол пас аз аз рақобат ҳарифи шикастхӯрдаи размикори тоҷик Майк Дэвиси аз рақобати Алиев изҳори норозигӣ кард.
Бо вуҷуди ҳашт тейкдаун ва 12 дақиқа ва 25 сонияи назоратии худ, Алиев танҳо 13 зарбаи муҳим ба даст овард. Ин Дэвисро гӯё хеле нороҳат кард, ки фикр мекард, ки Алиев танҳо кӯшиш мекунад, ки ӯро дар замин нигоҳ дорад, на ба муборизаи пурра. Пас аз мусобиқа, Дэвис Алиевро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои сабки муборизааш танқид кард.
Дар ҳамин ҳол Нурулло гуфт, ки мураббияш иҷозаи муборизаи росторо надодааст ва гуфт, ки агар рақобат панҷ сонияи дигар давом мекард, дасти ҳарифашро мешикаст.
Маврид ба зикр аст, ки Алиев аз аввалин размикорони тоҷик аст, ки соли 2023 ба UFC пайваст ва то кунун чаҳор рақобатро дар он бо бурд анҷом додааст.
Лентаи хабарҳо
0