https://sputnik.tj/20260726/nizom-billingi-fireb-nigaroni-prokuror-duzdi-barq-tojikiston-1079186143.html
Низоми биллингиро ҳам фиреб доданд: нигаронии прокурор аз дуздии барқ дар Тоҷикистон
Низоми биллингиро ҳам фиреб доданд: нигаронии прокурор аз дуздии барқ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани низоми биллингӣ бовар доштанд, барқдуздиро аз байн мебаранд, аммо ҷинояткорон роҳҳои навро пайдо мекунанд, гуфт додситони кулли кишвар
2026-07-26T14:35+0500
2026-07-26T14:35+0500
2026-07-26T14:35+0500
дар тоҷикистон
барқ
дуздӣ
прокуратураи генералӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137815_0:22:919:539_1920x0_80_0_0_98f4ca5f236f6ac9dd3b200f9b867f65.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон аз роҳҳои нави дуздии барқ дар ҷумҳурӣ изҳори ҳайрат кард.Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода бо ҷорӣ кардани низоми биллингии дар соҳаи барқ бовар буд, ки талафот ва дуздии онро пешгирӣ мешавад, аммо муштариён роҳҳои навро меёбанд.Ба гуфтаи ӯ бо кормабии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо зарфи ним соли гузашта барои дуздии барқ 117 парвандаи боз шудааст.Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомдор дар ин давра бо талошҳои дастаҷамъӣ талафот ва дуздии барқ кам шудааст, аммо ҷинояткорон роҳҳои нави дуздии барқро ҷустуҷӯ карда, пайдо мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло барои пешгирии ҷунин ҷинояткорӣ ҳисобкунакҳои биллингӣ истифода мебарем, аммо роҳи дуздӣ аз онро ҳам пайдо кардаанд.Яке аз чунин ҳолатҳоро ӯ дар корхонаи коркарди сангу шағал дар Исфара мисол овард, ки зарараш беш аз панҷ млн сомонӣ ҳисоб шудааст.Ӯ гуфт, ки вобаста ба ин масъала парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.Ҳамзамон вай таъкид кард, ки аз куҷо пайдо шудан ва кӣ овардани ин таҷҳизотро муаян хоҳанд кард.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/58552
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039137815_55:0:945:667_1920x0_80_0_0_6ed7c41783116603a76ee57cd7665b98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, дуздӣ, прокуратураи генералӣ
дар тоҷикистон, барқ, дуздӣ, прокуратураи генералӣ
Низоми биллингиро ҳам фиреб доданд: нигаронии прокурор аз дуздии барқ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон бо ҷорӣ кардани низоми биллингӣ бовар доштанд, барқдуздиро аз байн мебаранд, аммо ҷинояткорон роҳҳои навро пайдо мекунанд, гуфт додситони кулли кишвар
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Прокурори генералии Тоҷикистон аз роҳҳои нави дуздии барқ дар ҷумҳурӣ изҳори ҳайрат кард.
Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода бо ҷорӣ кардани низоми биллингии дар соҳаи барқ бовар буд, ки талафот ва дуздии онро пешгирӣ мешавад, аммо муштариён роҳҳои навро меёбанд.
Ба гуфтаи ӯ бо кормабии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо зарфи ним соли гузашта барои дуздии барқ 117 парвандаи боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи мақомдор дар ин давра бо талошҳои дастаҷамъӣ талафот ва дуздии барқ кам шудааст, аммо ҷинояткорон роҳҳои нави дуздии барқро ҷустуҷӯ карда, пайдо мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло барои пешгирии ҷунин ҷинояткорӣ ҳисобкунакҳои биллингӣ истифода мебарем, аммо роҳи дуздӣ аз онро ҳам пайдо кардаанд.
"Қаблан агар ба рақамҳои тағйирот ворид мекарданд ҳоло ба ҳисобкунанки биллингӣ асбоби дигарро пайваст мекунанд, ки бо пулт идора мешавад. Масалан мо пултро пахш кунем ҳисобкунанк аз кор мемонад, аммо барқ истифода мешаваду ҳисоб намешавад",- гуфт Воҳидзода.
Яке аз чунин ҳолатҳоро ӯ дар корхонаи коркарди сангу шағал дар Исфара мисол овард, ки зарараш беш аз панҷ млн сомонӣ ҳисоб шудааст.
Ӯ гуфт, ки вобаста ба ин масъала парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.
Ҳамзамон вай таъкид кард, ки аз куҷо пайдо шудан ва кӣ овардани ин таҷҳизотро муаян хоҳанд кард.