https://sputnik.tj/20260724/overchuk-sozishnomai-iiao-mughuliston-sodirot-rusiya-1079194047.html
Оверчук: Созишномаи ИИАО бо Муғулистон содироти Русияро ба ин кишвар афзоиш медиҳад
Оверчук: Созишномаи ИИАО бо Муғулистон содироти Русияро ба ин кишвар афзоиш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири Русия қайд кард, ки дар панҷ соли охир гардиши моли Русия бо Муғулистон аллакай 1,4 маротиба афзоиш ёфта, аз 1, 8 млрд доллар то 2,6 млрд доллар афзоиш ёфтааст
2026-07-24T11:41+0500
2026-07-24T11:41+0500
2026-07-24T11:41+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
тиҷорат
алексей оверчук
русия
муғулистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/17/1079194412_0:80:3008:1773_1920x0_80_0_0_0eaf6642474df3c5bcac454e59d0cabc.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Созишномаи муваққатӣ дар бораи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Муғулистон содироти Русияро ба ин кишвар афзоиш ва густариш медиҳад ва бозорро барои маҳсулоти кишоварзии Муғулистон боз мекунад.Дар ин бора муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук хабар дод.Ба гуфтаи вай, созишномаи муваққатӣ дар бораи тиҷорати озод байни ИИАО ва Муғулистон 22 июл эътибор пайдо кард, ки ин "қадами нав дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни кишварҳои ва эҷоди сутуну иқтисодии АвруОсиёи Бузург" хоҳуд буд."Муғулистон шарики стратегии мост, ки мо бо он робитаҳои деринаи мустаҳкам, аз ҷумла дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дорем. Мо умедворем, ки бастани ин Созишнома, аз як тараф, ба мо имкон медиҳад, ки доираи содироти Русияро ба бозори Муғулистон афзоиш ва васеъ кунем. Ва аз тарафи дигар, он ба мо кӯмак мекунад, ки гардиши тиҷорати худро бо Муғулистон тавассути васеъ кардани таъминоти молҳое, ки барои дӯстони муғулии мо калидӣ ва афзалиятнок мебошанд, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, молҳои саноати сабук ва дигар ашё, зиёд кунем", - гуфт Оверчук.Дар ин робита, муовини сарвазири Русия қайд кард, ки Русия "яке аз бузургтарин таъминкунандагони мол ба бозори Муғулистон аст”."Мо дар воридоти Муғулистон (пас аз Чин) дар ҷои дуюм қарор дорем. Мо доираи васеи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, нуриҳо, ашёи хоми саноатӣ ва маводи кимиёвиро таъмин мекунем", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи Оверчук, дар панҷ соли охир гардиши тиҷоратии Русия бо Муғулистон аллакай 1,4 маротиба афзоиш ёфта, аз 1,8 млрд доллар то 2,6 млрд долларро ташкил додааст.Аммо, "Созишномае, ки эътибор пайдо кардааст, 367 номгӯи молро фаро мегирад ва 90% тиҷорати мутақобилаи мо ба имтиёзҳо вобаста аст."
https://sputnik.tj/20260723/vukh-rusiya-iiao-mintaqahoi-tijorati-ozod-tasis-1079161878.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/17/1079194412_72:0:2803:2048_1920x0_80_0_0_ea88edbbb5b48822579037b3fc1d283b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, алексей оверчук, русия, муғулистон
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, алексей оверчук, русия, муғулистон
Оверчук: Созишномаи ИИАО бо Муғулистон содироти Русияро ба ин кишвар афзоиш медиҳад
Муовини сарвазири Русия қайд кард, ки дар панҷ соли охир гардиши моли Русия бо Муғулистон аллакай 1,4 маротиба афзоиш ёфта, аз 1, 8 млрд доллар то 2,6 млрд доллар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 24 июл – Sputnik. Созишномаи муваққатӣ дар бораи тиҷорати озод байни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ва Муғулистон содироти Русияро ба ин кишвар афзоиш ва густариш медиҳад ва бозорро барои маҳсулоти кишоварзии Муғулистон боз мекунад.
Дар ин бора муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук хабар дод.
Ба гуфтаи вай, созишномаи муваққатӣ дар бораи тиҷорати озод байни ИИАО ва Муғулистон 22 июл эътибор пайдо кард, ки ин "қадами нав дар рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни кишварҳои ва эҷоди сутуну иқтисодии АвруОсиёи Бузург" хоҳуд буд.
"Муғулистон шарики стратегии мост, ки мо бо он робитаҳои деринаи мустаҳкам, аз ҷумла дар муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дорем. Мо умедворем, ки бастани ин Созишнома, аз як тараф, ба мо имкон медиҳад, ки доираи содироти Русияро ба бозори Муғулистон афзоиш ва васеъ кунем. Ва аз тарафи дигар, он ба мо кӯмак мекунад, ки гардиши тиҷорати худро бо Муғулистон тавассути васеъ кардани таъминоти молҳое, ки барои дӯстони муғулии мо калидӣ ва афзалиятнок мебошанд, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ, молҳои саноати сабук ва дигар ашё, зиёд кунем", - гуфт Оверчук.
Дар ин робита, муовини сарвазири Русия қайд кард, ки Русия "яке аз бузургтарин таъминкунандагони мол ба бозори Муғулистон аст”.
"Мо дар воридоти Муғулистон (пас аз Чин) дар ҷои дуюм қарор дорем. Мо доираи васеи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти нафтӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, нуриҳо, ашёи хоми саноатӣ ва маводи кимиёвиро таъмин мекунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Оверчук, дар панҷ соли охир гардиши тиҷоратии Русия бо Муғулистон аллакай 1,4 маротиба афзоиш ёфта, аз 1,8 млрд доллар то 2,6 млрд долларро ташкил додааст.
Аммо, "Созишномае, ки эътибор пайдо кардааст, 367 номгӯи молро фаро мегирад ва 90% тиҷорати мутақобилаи мо ба имтиёзҳо вобаста аст."