Ғизои якмоҳа: сабади хӯрокворӣ дар Тоҷикистон аз чӣ иборат аст

Обуна шудан
Sputnik Тоҷикистон маҷмӯи ҳадди ақали маҳсулоти ғизоӣ, ки барои нигоҳ доштани саломатӣ ва таъмини фаъолияти ҳаётӣ зарур аст, ҷамъоварӣ кард
Sputnik Тоҷикистон сабади ҳадди ақали маводи ғизоиро, ки барои инсон зарур аст, тартиб додааст.
Ин маҳсулоти асосӣ, аз қабили орду ғалладонагиҳо, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, равған ва шакарро дар бар мегирад.
Гӯшти гов гаронтарин гӯшт дар кишвар аст, ки арзиши он барои як кило тақрибан 100 сомониро ташкил медиҳад. Гӯшти мурғ бо нархи 50 сомонӣ ба таври назаррас арзонтар аст.
Мева ва сабзавоти асосӣ каме арзонтаранд: як кило себ 5-10 сомонӣ, помидор 6-8 сомонӣ, сабзӣ ва картошка мутаносибан 6 ва 8 сомонӣ ва пиёз 3 сомонӣ арзиш дорад.
Қаблан, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши бесобиқаи нархи маводи ғизоӣ ҳушдор дода, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва заминро барои таъмини пешрафти иқтисоди миллӣ муҳим номид.
Лентаи хабарҳо
0