Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Вокуниши Бритониё ба зеленский пас аз рӯйдодҳои ахир дар Киев

© REUTERS /UKRAINIAN PRESIDENTIAL PRESS SERВладимир Зеленский и генерал Михаил Драпатый, Украина, 20 июля 2026 года.
Владимир Зеленский и генерал Михаил Драпатый, Украина, 20 июля 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Обуна шудан
Нашрияи Unherd менависад, ки қарори Киев дар бораи тағйирот дар артиш нигарониҳоро барои ояндаи Украина ба миён меорад
ДУШАНБЕ, 23 июл – Sputnik. Нашрияи бритониёии "Unherd" менависад, ки қарори Владимир Зеленский дар бораи аз тағйирот дар фармондеҳии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина нигарониҳоро дар бораи ояндаи Украина ба вуҷуд меорад ва дар бораи ҷараёни низоъ бисёр чизҳоро ошкор мекунад.
"Сабабҳои дигаре барои нигаронӣ дар бораи ояндаи Украина вуҷуд доранд. Қарори Зеленский дар бораи иваз кардани роҳбарони нерӯҳои мусаллаҳ ва Вазорати дифоъ дар ҳамон ҳафта бисёр чизҳоро дар бораи ҷараёни ҷанг ошкор мекунад - ва ин нишонаҳо нигаронкунандаанд", - гуфта мешавад дар мақола.
Муаллиф қайд мекунад, ки моҳҳо боз тарафдорони Украина иддао мекарданд, ки Киев "вазъиятро тағйир додааст", аммо тағйироти кадрии Зеленский чизи баръаксронишон медиҳанд.
"Он далел, ки Зеленский ҳоло тасмим гирифтааст, ки ин қадамҳоро гузорад, нишон медиҳад, ки ҷанг шояд он қадар хуб набошад, ки Киев ошкоро иддао кардааст", - эътироф мекунад нашрия.
Самолет МиГ-29 ВВС Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Украина намехоҳад ҷангандаҳои МиГ-29-и Лаҳистонро гирифтан намехоҳад
Ахиран Зеленский истеъфои Александр Сирскийро аз мақоми фармондеҳи Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина эълон кард ва ба ҷои ӯ Михаил Драпатийро таъин кард.
Қаблан, раҳбари режими Киев тасмим гирифта буд, ки ҳукумати худро бори дигар иваз кунад. Ҳафтаи гузашта парлумони Украина сарвазир Юлия Свириденкоро ҳамроҳ бо тамоми кобинаи вазирон, аз ҷумла вазири дифоъ Михаил Федоров, аз вазифа барканор кард.
Лентаи хабарҳо
0