https://sputnik.tj/20260723/peskov-taqviyati-taloshho-diplomati-ukraina-posukh-1079190718.html
Песков ба суол дар бораи тақвияти талошҳои дипломатӣ дар Украина посух дод
Песков ба суол дар бораи тақвияти талошҳои дипломатӣ дар Украина посух дод
Sputnik Тоҷикистон
Песков даъват кард, ки аз музокирот дар бораи Украина зиёд хушбин нашавед.
2026-07-23T20:21+0500
2026-07-23T20:21+0500
2026-07-23T20:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
дмитрий песков
русия
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0d/1075249243_0:0:2688:1512_1920x0_80_0_0_e5bb5586dac531af9dcc08d7e5f4fbd9.jpg
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, пас аз тамосҳои ахир дар бораи музокирот, ҳушдор дод, ки набояд бо суръат бахшидани талошҳои дипломатӣ барои ҳалли низоъи Украина аз ҳад зиёд хушбин шуд.Рӯзноманигори “Axios” Барак Равид хабар медиҳад, ки Владимир Зеленский як рӯз пеш бо фиристодаи президенти ИМА Стив Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер имконоти аз нав оғоз кардани талошҳои дипломатӣ барои хотима додан ба низоъ дар Украинаро баррасӣ кард.Субҳи панҷшанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар ҳошияи нишасти ASEAN дар Манила мулоқот карданд. Лавров омодагии Русияро барои ҳалли сиёсӣ ва дипломатии низоъ дар Украина тасдиқ кард ва ноқабул будани мусаллаҳсозии минбаъдаи режими Киевро таъкид кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳоро байни вазоратҳои хориҷии худ идома диҳанд."Ман дар ин вазъият аз ҳад зиёд хушбин нестам", - гуфт Песков ба хабарнигорон дар посух ба саволе дар бораи он, ки оё тамосҳои ахир нишонаи суръат бахшидан ба талошҳои дипломатӣ барои хотима додан ба низоъ мебошанд.Ӯ таъкид кард, ки тамосҳо дар ин масъала идома доранд ва ин мусбат аст, аммо дар бораи суръат бахшидан ба ин раванд сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.
https://sputnik.tj/20260723/ittihodiyai-avrupo-ghazab-kallas-pas-ima-ukraina-1079175215.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0d/1075249243_0:0:2688:2016_1920x0_80_0_0_bc60e233d31739bc5ef00b48324d69a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, дмитрий песков, русия, музокирот
украина, амалиёти вижа, дмитрий песков, русия, музокирот
Песков ба суол дар бораи тақвияти талошҳои дипломатӣ дар Украина посух дод
Суханг=и раисыумщури Русия даъват кард, ки аз музокирот дар бораи Украина зиёд хушбин нашавед
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президенти Русия, пас аз тамосҳои ахир дар бораи музокирот, ҳушдор дод, ки набояд бо суръат бахшидани талошҳои дипломатӣ барои ҳалли низоъи Украина аз ҳад зиёд хушбин шуд.
Рӯзноманигори “Axios” Барак Равид хабар медиҳад, ки Владимир Зеленский як рӯз пеш бо фиристодаи президенти ИМА Стив Уиткофф ва домоди президенти ИМА Ҷаред Кушнер имконоти аз нав оғоз кардани талошҳои дипломатӣ барои хотима додан ба низоъ дар Украинаро баррасӣ кард.
Субҳи панҷшанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Марко Рубио дар ҳошияи нишасти ASEAN дар Манила мулоқот карданд. Лавров омодагии Русияро барои ҳалли сиёсӣ ва дипломатии низоъ дар Украина тасдиқ кард ва ноқабул будани мусаллаҳсозии минбаъдаи режими Киевро таъкид кард. Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамосҳоро байни вазоратҳои хориҷии худ идома диҳанд.
"Ман дар ин вазъият аз ҳад зиёд хушбин нестам", - гуфт Песков ба хабарнигорон дар посух ба саволе дар бораи он, ки оё тамосҳои ахир нишонаи суръат бахшидан ба талошҳои дипломатӣ барои хотима додан ба низоъ мебошанд.
Ӯ таъкид кард, ки тамосҳо дар ин масъала идома доранд ва ин мусбат аст, аммо дар бораи суръат бахшидан ба ин раванд сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст.