Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Мехоҳам бо Путин сӯҳбат кунам": Изҳороти Зеленский дар Олмон сарусадоеро ба бор овард

© REUTERS /TERESA SUAREZ / POOLВладимир Зеленский.
Владимир Зеленский. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2026
Обуна шудан
Хонандагони сомонаи расонаи олмонии Die Welt изҳороти ахири Владимир Зеленскийро дар бораи чӣ гуна ба раванди гуфтушунид такон дищанд фаъолона баррась карданд
ДУШАНБЕ, 23 июл - Sputnik. Хонандагони расонаи олмонии Die Welt дар сомонаи интернетии ин нашрияи изҳороти ахири Владимир Зеленскийро дар бораи оғози раванди гуфтушунид муҳокима карданд.
"Дар асл, музокироти сулҳи Зеленский бо ИМА як таҳқири бузург аст. Ҳатто бо ИА - ин чӣ буд? Агар ӯ раҳбари воқеии давлат мебуд, пеш аз ҷанг бо Путин сӯҳбат мекард, то мавқеи худро равшан кунад. Ӯ инчунин бояд нигарониҳои Путинро ҷиддӣ қабул мекард. Ман воқеан умедворам, ки ин низоъ ниҳоят ба охир мерасад", - таъкид кард Габриэле Б.
"Такони нав? Бале, ҷанги бештар ва фоидаи бештар барои силоҳфурӯшони бузург", - навиштааст Густав Р.
"Ман фикр мекунам, ки Зеленский нав аз довар ё, метавон гуфт, ташкилкунандагон корти дуюми зард гирифт", - шӯхӣ кард Франк О.
"Русия барои расидан ба ҳадафҳои низомии худ исрор хоҳад кард ва барои барои ягон гузашт омода нест. Танҳо пас аз расидан ба ин ҳадафҳо, Русия барои гуфтушунид дар бораи оташбас омода хоҳад буд. Ин ҳадафҳои низомӣ бояд ё аз ҷиҳати низомӣ ё дипломатӣ ба даст оварда шаванд. Зеленский бояд ҳоло қарорҳои дуруст қабул кунад", қайд кард БоббиБолзер.
Самолет МиГ-29 ВВС Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Украина намехоҳад ҷангандаҳои МиГ-29-и Лаҳистонро гирифтан намехоҳад
Хабарнигори Axios Барак Равид иддао дорад, ки Зеленский имконоти аз нав оғоз кардани талошҳои дипломатӣ барои хотима додан ба низоъ дар Украинаро бо фиристодаҳои махсуси президенти ИМА Доналд Трамп, Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер, баррасӣ кардааст.
Рӯзи панҷшанбе, вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар мулоқот бо котиби давлатии ИМА Марко Рубио, ӯҳдадории Русияро ба пешниҳодҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ИМА дар Аляска тасдиқ кард.
Лентаи хабарҳо
0