Боевая работа расчета БПЛА БМ-70 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Залужний сарфармондеҳи нави Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ҳушдор дод

© Foto / Валерий Залужный / TelegramВалерий Залужный.
Валерий Залужный.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Обуна шудан
Собиқ сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина гуфт барои Дропатий вазифаи фармондеҳи кулли Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина хеле душвор хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Барои Михаил Дропатий, ки аз ҷониби Владимир Зеленский сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина таъйин шудааст, дар ин вазифа давраи хеле душвор хоҳад буд, мегӯяд сафири Украина дар Британияи Кабир Валерий Залужний.
"Барои сарфармондеҳи нав душвор хоҳад буд. Ҳатто аз он ки ӯ тасаввур карда метавонад, душвортар", - навишт ӯ дар шабакаи Telegram-и худ.
Дирӯз Зеленский истеъфои Александр Сирскийро аз мақоми сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина эълон ва Драпатовро таъин кард.
Ҳафтаи гузашта Зеленский бори дигар тасмим гирифт, ки ҳукуматро иваз кунад. Радаи Олӣ сарвазир Юлия Свириденкоро дар баробари тамоми ҳукумат, аз ҷумла вазири дифоъ Михаил Федоров, аз кор озод кард.
Флаг США над Капитолием. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Иёлоти Муттаҳида аз ироаи кумаки 400 миллион долларӣ ба Украина худдорӣ кард?
Ба гуфтаи вакили парлумон Ярослав Железняк, Зеленский вазири дифоъро дар ислоҳоти коммисариатҳои ҳарбӣ айбдор кард. Пас аз ин, дар Киев ва дигар шаҳрҳо гирдиҳамоиҳо барои дастгирии Федоров ва бар зидди Сирский оғоз шуданд.
Лентаи хабарҳо
0