https://sputnik.tj/20260722/prezidenti-qirghiziston-tavseai-hamkori-tojikiston-1079137734.html
Президенти Қирғизистон барои тавсеаи ҳамкориҳо намояндаашро ба Тоҷикистон фиристод
Президенти Қирғизистон барои тавсеаи ҳамкориҳо намояндаашро ба Тоҷикистон фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Бодканди Қирғизистон ният дорад бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳамкориҳо дар бахши саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, чорводорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзиро тавсеа бахшад
2026-07-22T10:41+0500
2026-07-22T10:41+0500
2026-07-22T10:41+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
суғд
бодканд
ҳамкорӣ
иқтисод
сиёсат
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079134319_225:231:1179:768_1920x0_80_0_0_a64ca95cdf10383b8a50c82510915df5.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамирҷон Раҳимов бо ҳайати ҳамроҳонаш бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамирҷон Раҳимов баргузор гардид.Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ин дидор таъкид кард, ки имрӯзҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки ду кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.Дар ин дидор, таъкид гардид, ки вилояти Суғд ва вилояти Бодканд бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва шароити якхелаи иқлимӣ имкониятҳои васеи ҳамкорӣ доранд.Дар навбати худ, Мамирҷон Раҳимов таъкид кард, ки сафари ҳайати вилояти Бодканд бо дастури Президенти Қирғизистон ва бо мақсади таҳкими робитаҳои байнивилоятӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои нави иқтисодӣ анҷом дода мешавад.Вай зикр кард, ки вилояти Ботканд ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, бахусус чорводорӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омода аст ҳамкориро бо вилояти Суғд дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш, чорводорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам тавсеа бахшад.Зимни мулоқоти васеъ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду вилоят масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мубодилаи таҷриба, афзоиши гардиши молу маҳсулот ва иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Тарафҳо дар ин дидор аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вилояти Суғд ва вилояти Ботканд таъкид карданд.Қайд карда шудааст, ки ба масъулони соҳаҳои дахлдор барои таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва татбиқи созишҳои ҳосилшуда дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57174
қирғизистон
суғд
бодканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079134319_292:196:1121:818_1920x0_80_0_0_64ed81b8a0483f3fc86ad24794dd4a72.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, суғд, бодканд, ҳамкорӣ, иқтисод, сиёсат , тиҷорат
дар тоҷикистон, қирғизистон, суғд, бодканд, ҳамкорӣ, иқтисод, сиёсат , тиҷорат
Президенти Қирғизистон барои тавсеаи ҳамкориҳо намояндаашро ба Тоҷикистон фиристод
Вилояти Бодканди Қирғизистон ният дорад бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳамкориҳо дар бахши саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, чорводорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзиро тавсеа бахшад
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамирҷон Раҳимов бо ҳайати ҳамроҳонаш бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф овард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Мамирҷон Раҳимов баргузор гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар ин дидор таъкид кард, ки имрӯзҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии неки ду кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст.
Дар ин дидор, таъкид гардид, ки вилояти Суғд ва вилояти Бодканд бо назардошти мавқеи ҷуғрофӣ ва шароити якхелаи иқлимӣ имкониятҳои васеи ҳамкорӣ доранд.
“Аз ҷумла, метавон дар бахшҳои кишоварзӣ, саноат, таъсиси корхонаҳои муштарак, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ҳамкориҳоро густариш дод”, - қайд кардааст раиси вилояти Суғд.
Дар навбати худ, Мамирҷон Раҳимов таъкид кард, ки сафари ҳайати вилояти Бодканд бо дастури Президенти Қирғизистон ва бо мақсади таҳкими робитаҳои байнивилоятӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои нави иқтисодӣ анҷом дода мешавад.
Вай зикр кард, ки вилояти Ботканд ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ, бахусус чорводорӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, омода аст ҳамкориро бо вилояти Суғд дар самтҳои саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, тандурустӣ, варзиш, чорводорӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ боз ҳам тавсеа бахшад.
Зимни мулоқоти васеъ бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду вилоят масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак, мубодилаи таҷриба, афзоиши гардиши молу маҳсулот ва иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тарафҳо дар ин дидор аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни вилояти Суғд ва вилояти Ботканд таъкид карданд.
Қайд карда шудааст, ки ба масъулони соҳаҳои дахлдор барои таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ ва татбиқи созишҳои ҳосилшуда дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуд.