Истирдоди 373 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия, ки дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкРейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве.
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2026
Обуна шудан
Ба гуфтаи вазири корҳои дохилии кишвар Тоҷикистону Русия мунтазам амалиётҳои муштаракро барои боздошт ва истирдоди нафароне, ки дар пайгарди байналмилалӣ ва байнидавлатӣ қарор доранд, анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Дар нимаи аввали соли равон аз Русия 373 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ватанашон ҷустуҷӯ мешуданд, ба Тоҷикистон истирдод карда шуданд.
Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода хабар дод.
Ба гуфтаи вай, 117 шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Русия боздошт шуданд.
Рамазон раҳимзода гуфт, ки айни замон 4225 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати байналмилалии ҷустуҷӯи Интерпол қарор доранд.
Аз ин шумора 403 нафар дар нимаи аввали соли ҷорӣ дар рӯйхати байналмилалии ҷустуҷӯ қарор гирифтаанд.
Раҳимзода қайд кард, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Русия мунтазам амалиётҳои муштаракро барои боздошт ва истирдоди афроде, ки дар феҳристи пайгарди байнидавлатӣ ва байналмилалӣ қарор доранд, анҷом медиҳанд.
"Мо амалиётҳои муштаракро (бо Вазорати корҳои дохилии Русия) барои боздошт ва истирдоди афроде, ки дар рӯйхати байнидавлатӣ ва байналмилалӣ ҷустуҷӯ мешаванд, қариб ҳар рӯз мунтазам анҷом медиҳем", - гуфт вазир.
Вай инчунин таъкид кард, ки шӯъбаҳои дахлдори вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар тамос ва мунтазам ҳамкорӣ мекунанд.
Министр иностранных дел России Сергей Лавров и министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2026
Ҳамкориҳои байналмилалӣ: Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия чиро баррасӣ карданд
Ба гуфтаи вай, ин кори муштарак на танҳо ҷустуҷӯ ва истирдоди ҷинояткорон, балки ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро низ дар бар мегирад.
Дар ҳамин ҳол зимни нишасти матбуотӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Ҳабибулло Воҳидзода хабар дод, ки 4016 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд ва дар шаш моҳи соли равон танҳо 77 нафари онҳо дастгир ва ватан баргардонида шуданд.
“Дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян ва дастгир намудани шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта тадбирҳои дахлдор амалӣ гардида, аз 4016 нафар шахсони дар кофтукоб қарордошта 77 нафар дастгир ва ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд”, - гуфт Прокурори генералии Тоҷикистон.
Лентаи хабарҳо
0