https://sputnik.tj/20260722/bastashudani-sozmoni-jamiyati-tojikiston-1079139423.html
Баста шудани наздик ба 30 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон
Баста шудани наздик ба 30 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Айни замон дар кишвар 1694 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта наздик ба 30 адад кам мебошад
2026-07-22T12:41+0500
2026-07-22T12:41+0500
2026-07-22T12:41+0500
дар тоҷикистон
созмон
ҷамъиятӣ
иҷтимоӣ
адлия
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/16/1079144554_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_45a07b78fbcba8af0cf4e699f92614eb.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Дар 6 моҳи соли 2026 фаъолияти 29 созмони ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳои онҳо қатъ гардидааст.Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҷаҳонгир Сайдализода, намояндаи Вазорати адлия, хабар дод.Вай таъкид кард, ки ин 29 созмони ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ шудаанд.Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, зимни нишасти матбуотии гуфт, ки айни замон дар кишвар 1694 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта тахминан 30 адад кам мебошад.“Сабаби асосии басташавӣ – ин созмон худашон ариза менависанд, ки ин ба хотима ёфтани маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарастони онҳо, ҳамкорони онҳо вобаста аст. Лекин мо корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар бурда истодаем…”, – гуфт Ашӯриён.Музаффар Ашӯриён гуфт, ки ниҳоди зери роҳбарии ӯ корҳои фаҳмондадиҳиро идома медиҳад, то муассисон пеш аз оғози фаъолият ба имкониятҳо ва шароити молиявии хеш таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.Дар ҳамин ҳол масъулини вазорати адлия иттилоъ доданд, ки созмонҳои иҷтимоӣ дар нимаи аввали соли равон ин миқдор маблағ ё грант гирифтаанд.Ба иттилои ин ниҳод,Қайд кардан ба маврид аст, ки созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон асосан аз ташкилотҳои байналмилалӣ “грант” мегиранд ва онҳо ин маблағҳоро барои пеш бурдани фаъолияти иҷтимоиашон масраф мекунанд.Ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон раванди коҳишёбии созмонҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст.Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо танҳо дар соли 2023 беш аз 700 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон баста шуданд.
https://sputnik.tj/20260522/salimzoda-spad-kamarbandi-amniyati-osiyoi-markazi-cholishho-nav-1077746139.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/16/1079144554_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_759b477886e191d15996c8f9e529452b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, созмон, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, адлия, қонун
дар тоҷикистон, созмон, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, адлия, қонун
Баста шудани наздик ба 30 созмони ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон
Айни замон дар кишвар 1694 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта наздик ба 30 адад кам мебошад
ДУШАНБЕ, 22 июл – Sputnik. Дар 6 моҳи соли 2026 фаъолияти 29 созмони ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳои онҳо қатъ гардидааст.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҷаҳонгир Сайдализода, намояндаи Вазорати адлия, хабар дод.
Вай таъкид кард, ки ин 29 созмони ҷамъиятӣ ва филиалу намояндагиҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ хориҷ шудаанд.
Музаффар Ашӯриён, вазири адлия, зимни нишасти матбуотии гуфт, ки айни замон дар кишвар 1694 иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта тахминан 30 адад кам мебошад.
“Сабаби асосии басташавӣ – ин созмон худашон ариза менависанд, ки ин ба хотима ёфтани маблағгузорӣ аз ҷониби сарпарастони онҳо, ҳамкорони онҳо вобаста аст. Лекин мо корҳои фаҳмондадиҳӣ бештар бурда истодаем…”, – гуфт Ашӯриён.
Музаффар Ашӯриён гуфт, ки ниҳоди зери роҳбарии ӯ корҳои фаҳмондадиҳиро идома медиҳад, то муассисон пеш аз оғози фаъолият ба имкониятҳо ва шароити молиявии хеш таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунанд.
Дар ҳамин ҳол масъулини вазорати адлия иттилоъ доданд, ки созмонҳои иҷтимоӣ дар нимаи аввали соли равон ин миқдор маблағ ё грант гирифтаанд.
46 миллиону 93 ҳазору 363 сомонӣ
21 миллиону 852 ҳазору 905 доллар
7 миллиону 660 ҳазору 448 евро
6 миллиону 424 ҳазору 524 дирҳами Имороти Муттаҳидаи Арабӣ
Қайд кардан ба маврид аст, ки созмонҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон асосан аз ташкилотҳои байналмилалӣ “грант” мегиранд ва онҳо ин маблағҳоро барои пеш бурдани фаъолияти иҷтимоиашон масраф мекунанд.
Ба иттилои созмонҳои байналмилалӣ тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон раванди коҳишёбии созмонҳои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои Иттиҳоди Аврупо танҳо дар соли 2023 беш аз 700 созмони ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон баста шуданд.