https://sputnik.tj/20260721/sobiq-raisi-furudgoh-jarima-ozod-duzdii-aybdor-1079128481.html
Собиқ раиси фурудгоҳ бо ҷарима озод шуд: Ӯ ба дуздии 1,2 млрд сомонӣ айбдор мешуд
Собиқ раиси фурудгоҳ бо ҷарима озод шуд: Ӯ ба дуздии 1,2 млрд сомонӣ айбдор мешуд
Sputnik Тоҷикистон
Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки ба тасарруфи қариб 1,2 млрд сомонӣ муттаҳама мешуд, 165 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
2026-07-21T18:41+0500
2026-07-21T18:41+0500
2026-07-21T18:41+0500
дар тоҷикистон
фурудгоҳ
қонун
ҷарима
фасод
қарори додгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079129244_0:172:3068:1898_1920x0_80_0_0_26f118fb399c6a47b35a3aaa09b9525b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Исматулло Абдуллозода, собиқ раиси фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо ҳукми Додгоҳи олӣ, 165 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз зиндон озод шудааст.Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ ахиран дар нишасти мтабуотӣ хабар дод.Вай афзуд, ки оқои Абдуллозода зарари расонидааш ба буҷаи давлатро пурра пардохт кард. Ҳамзамон ӯ барои 4 сол аз ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда маҳрум шудааст.Қайд карда шудааст, ки додгоҳ ҳукми худро дар ин бора ҳанӯз рӯзи 13 июл содир кардааст.Ёдовар мешавем, ки мақомдорони пешини Фурудгоҳи Душанбе моҳи майи соли 2025 ҳамроҳ бо роҳбари худ Исматулло Абдуллозода боздошт, вале пас аз чор моҳ бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо шуда буданд.Маврид ба зикр аст, ки Абдуллозода Исматулло собиқ директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва муовини ӯ, аввали моҳи май бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуданд. Сабаби барканории онҳоро хадамоти матбуоти роҳбари давлат дар ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ рабт дод.Қаблан Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 5 тан аз кормандони пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки дар якҷоягӣ бо раиси пешини ин фурудгоҳ Исматулло Абдуллозода ба тарасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар мешуданд, содир кардааст.
https://sputnik.tj/20250531/qabul-guseli-musofiron-dokhil-furudgoh-dushanbe-man-shud-1067584988.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/15/1079129244_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_38ae503452892780d0f29310a2673efd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фурудгоҳ, қонун, ҷарима, фасод, қарори додгоҳ
дар тоҷикистон, фурудгоҳ, қонун, ҷарима, фасод, қарори додгоҳ
Собиқ раиси фурудгоҳ бо ҷарима озод шуд: Ӯ ба дуздии 1,2 млрд сомонӣ айбдор мешуд
Исматулло Абдуллозода, раиси пешини Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, ки ба тасарруфи қариб 1,2 млрд сомонӣ муттаҳама мешуд, 165 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Исматулло Абдуллозода, собиқ раиси фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо ҳукми Додгоҳи олӣ, 165 ҳазор сомонӣ ҷарима шуда, аз зиндон озод шудааст.
Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ ахиран дар нишасти мтабуотӣ хабар дод.
"Раиси пешини фурудгоҳ бо пардохти 2200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 165 ҳазор сомонӣ, озод шуд”. – гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки оқои Абдуллозода зарари расонидааш ба буҷаи давлатро пурра пардохт кард. Ҳамзамон ӯ барои 4 сол аз ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда маҳрум шудааст.
Қайд карда шудааст, ки додгоҳ ҳукми худро дар ин бора ҳанӯз рӯзи 13 июл содир кардааст.
Ёдовар мешавем, ки мақомдорони пешини Фурудгоҳи Душанбе моҳи майи соли 2025 ҳамроҳ бо роҳбари худ Исматулло Абдуллозода боздошт, вале пас аз чор моҳ бо шарти берун нарафтан аз ҷойи зист раҳо шуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки Абдуллозода Исматулло собиқ директори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва муовини ӯ, аввали моҳи май бо фармони Эмомалӣ Раҳмон аз вазифа барканор шуданд. Сабаби барканории онҳоро хадамоти матбуоти роҳбари давлат дар ошкор шудани камбудиҳои ҷиддӣ рабт дод.
Қаблан Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми 5 тан аз кормандони пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо, ки дар якҷоягӣ бо раиси пешини ин фурудгоҳ Исматулло Абдуллозода ба тарасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ гумонбар мешуданд, содир кардааст.