https://sputnik.tj/20260720/piruzi-ispaniya-drama-argentina-aks-jomi-jahon-1079092378.html
Пирӯзии Испания ва драмаи Аргентина: Ҷолибтарин аксҳо аз финали Ҷоми Ҷаҳон-2026
Пирӯзии Испания ва драмаи Аргентина: Ҷолибтарин аксҳо аз финали Ҷоми Ҷаҳон-2026
Sputnik Тоҷикистон
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон баргузор шуд ва он бо пирӯзии Испания ба анҷом расид. Эҳсосоти ин бозиро дар аксҳои Sputnik бубинед
2026-07-20T16:35+0500
2026-07-20T16:35+0500
2026-07-20T16:35+0500
акс
футбол
навигариҳои варзиши тоҷикистон
ҷоми ҷаҳонии футбол
аргентина
испания
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/14/1079092414_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_e96c3c50190c8b318cd3ea0068144dc8.jpg
Мухлисон дар саросари ҷаҳон бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро, ки ахиран дар варзишгоҳи "Метлайф Стэдиум" (MetLife Stadium) дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) баргузор шуд, тамошо карданд. Имсол Аргентина ва Испания барои медали тилло рақобат карданд.Замони асосии дидор бидуни гол ба поён расид ва ғолиб дар замони изофа муайян шуд ва мунтахаби Испания бо ҳисоби1:0 пирӯз гардид. Голи ягонаро дар дақиқаи 106-ум нимҳимоятгари испаниҳо Ферран Торрес ба самар расонд.Испания бори дуюм қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон шуд; онҳо бори аввал соли 2010 медали тиллоро ба даст оварда буданд.
аргентина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/14/1079092414_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1014c2345555c915f2c6733c0b247b05.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фото, акс, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон, ҷоми ҷаҳонии футбол, аргентина, испания
фото, акс, футбол, навигариҳои варзиши тоҷикистон, ҷоми ҷаҳонии футбол, аргентина, испания
Пирӯзии Испания ва драмаи Аргентина: Ҷолибтарин аксҳо аз финали Ҷоми Ҷаҳон-2026
Бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон баргузор шуд ва он бо пирӯзии Испания ба анҷом расид. Эҳсосоти ин бозиро дар аксҳои Sputnik бубинед
Мухлисон дар саросари ҷаҳон бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии 2026-ро, ки ахиран дар варзишгоҳи "Метлайф Стэдиум" (MetLife Stadium) дар шаҳри Ист-Ратерфорд (иёлати Ню-Ҷерси, ИМА) баргузор шуд, тамошо карданд. Имсол Аргентина ва Испания барои медали тилло рақобат карданд.
Замони асосии дидор бидуни гол ба поён расид ва ғолиб дар замони изофа муайян шуд ва мунтахаби Испания бо ҳисоби1:0 пирӯз гардид. Голи ягонаро дар дақиқаи 106-ум нимҳимоятгари испаниҳо Ферран Торрес ба самар расонд.
Испания бори дуюм қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон шуд; онҳо бори аввал соли 2010 медали тиллоро ба даст оварда буданд.

Хулиан Алварес (Аргентина), Николас Таляфико (Аргентина) ва Ламин Ямал (Испания) дар финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026.

Бозии Николас Гонсалес (Аргентина) ҳангоми бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон байни Испания ва Аргентина дар варзишгоҳи "Метлайф Стэдиум" (MetLife Stadium).

Овозхони колумбӣ Шакира ҳангоми танаффуси бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон байни Испания ва Аргентина ҳунарнамоӣ мекунад.

Пау Кубарси, бозигари испанӣ, пас аз он ки Энцо Фернандес, бозигари аргентинӣ, ҳангоми бозии дар пои ӯ зад

Славко Винчич, довар аз Словения, ба Энцо Фернандес, бозигари аргентинӣ, дар бозии ниҳоии футболи Ҷоми ҷаҳон байни Испания ва Аргентина корти сурх нишон дод.

Ферран Торрес, бозигари дастаи миллии Испания, ягона голи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро зад.

Мухлисони испанӣ ҳангоми тамошои бозии ниҳоии футболи Ҷоми ҷаҳон байни Испания ва Аргентина дар маркази Мадрид

Ферран Торрес (Испания) ва Нико Вилямс (Испания) ҳангоми бозии финалии Ҷоми Ҷаҳон байни Испания ва Аргентина голро ҷашн мегиранд.

Ҷоми Ҷаҳонии ФИФА 2026 - Финал - Испания бар зидди Аргентина

Гиряи Лионел Месси, бозигари дастаи Аргентина, дар охири бозии ниҳоии футболи Ҷоми ҷаҳон.

Мухлисон пас аз пирӯзии Испанияро дар минтақаи мухлисони ФИФА дар дар Вашингтон, ҷашн мегиранд.

Пас аз бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳон байни Испания ва Аргентина дар варзишгоҳи, занозанӣ рух дод.
Бозигарони дастаи миллии Испания дар маросими ҷоизасупорӣ.

Мухлиси ҷавони Аргентина ҳангоми тамошои бозии ниҳоии футболи Ҷоми ҷаҳон байни Аргентина ва Испания дар Таймс Сквер, аксуламал нишон медиҳад.

Мухлисони испанӣ дар маркази Мадрид, барои пирӯзии дастаи худ шодӣ мекунанд.

Президент Доналд Трамп ҳангоми супурдани Ҷоми ҷаҳонии футбол ба тими Испания.

Бозигарони дастаи миллии Испания дар маросими ҷоизасупорӣ пас аз финали Ҷоми ҷаҳонии футбол.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва президенти ИМА Доналд Трамп дар маросими ҷоизасупорӣ.

Ҷашни мухлисони испанӣ дар маркази Мадрид пас аз пирӯзии Испания бар Аргентина