Фарзандбезорон: мақомоти тоҷик чандин падари алиментгурезро зиндону дар пайгард доданд

© Sputnik
Обуна шудан
Дар шаш моҳ Хадамоти иҷрои Тоҷикистон сафари наздик ба 7 ҳазор қарздор аз пардохти алиментро манъ кардааст
ДУШАНБЕ, 19 июл – Sputnik. Давоми шашмоҳаи аввали соли равон ба Хадамоти иҷрои Тоҷикистон аз 95 917 адад истеҳсолоти самти алимент 106,5 млн. сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шудааст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Хадамоти иҷро қайд кардааст, ки нисбати қарздороне, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, чораҳои қатъии қонунӣ андешида мешаванд.
Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент, аз ҷониби иҷрочиён нисбати 237 нафар (дар соли 2025 — 378 нафар) барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳодҳо ирсол карда шудааст.

Додгоҳҳои Тоҷикистон дар ним соли гузашта, барои саркашӣ аз пардохти алимент 15 падарро равонаи зиндон кардаанд.
Аҳтам Абдуллозод, гуфт, ки алайҳи 89 каси дигар бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст.
Ин модда низ то 3 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ҳамзамон дар ин давра, 23 тани дигарро ба корҳои ҳатмӣ, 46 танро ба корҳои ислоҳӣ ва 5 нафари дигарро ҷарима кардаанд.
Ҳамчунин Хадамоти иҷрои Тоҷикистон сафари тақрибан 7000 қарздор аз Тоҷикистон ба хориҷ маҳдуд кардааст.
Аҳтам Абдуллозода, раиси ин ниҳод, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки инҳо афродеро дар бар мегиранд, ки алимент, ҷаримаҳо, қарзҳо ва дигар вомҳоро пардохт накардаанд.
Аҳтам Абдуллозода, раиси ин ниҳод, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки инҳо афродеро дар бар мегиранд, ки алимент, ҷаримаҳо, қарзҳо ва дигар вомҳоро пардохт накардаанд.
Масъулини Хадамоти иҷрои Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта 753 нафарро бо таъйиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро дар кофтуков қарор додааст.
“Ин афрод барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон дар ҷустуҷӯянд”, - гуфт, генерал Аҳтам Абдуллозода, зимни ҳисоботи ниҳоди зертобеяш.
“Ин афрод барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон дар ҷустуҷӯянд”, - гуфт, генерал Аҳтам Абдуллозода, зимни ҳисоботи ниҳоди зертобеяш.