https://sputnik.tj/20260718/maqomot-alomatguzorii-marz-tojikiston-qirghiziston-1079043407.html
Мақомот гуфт пурра аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон кай ба охир мерасад
Мақомот гуфт пурра аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон кай ба охир мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон эълон кард, ки ҳоло аломатгузории хати марз бо Қирғизистон 90% анҷом ёфт
2026-07-18T11:32+0500
2026-07-18T11:32+0500
2026-07-18T11:32+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
марз
қирғизистон
дар тоҷикистон
аломатгузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/10/1073858585_0:213:2048:1365_1920x0_80_0_0_a7f249bc651caed54a3d5d655ed05a32.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи кишвар Ориф Хоҷазода ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки Тоҷикистон нақша дорад, ки таъйину аломатгузории марзи давлатӣ бо Қирғизистонро дар соли 2027 пурра ба охир расонад.Ба гуфтаи вай 90% таъйину нишонагузории хати марз бо Қирғизистон ба поён расидааст.Вай таъкид кард, ки пас аз имзои созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ, ҷонибҳо ба муайян кардани хати мувофиқашуда оғоз карданд. Ҳоло нуқтаҳои сарҳадӣ дар масофааш 416 километр муайян карда шуда, тақрибан дар 300 километр аз ҳарду ҷониб панҷара гузошта шудааст."Танҳо каме корҳои муҳандисӣ мондааст ва соли 2027 пурра ба анҷом хоҳад расид. Қитъаи аз ҳама душвортарин дар мавзеи вилояти Суғд буд, ки пурра ба охир расидааст. Каме корҳои муҳандисӣ боқӣ мондааст, ки рӯзҳои наздик ба анҷом мерасонем", – гуфт Ориф ХоҷазодаЁдовар мешавем, ки чанде пешг мақомот дар Суғд эълон кард, ки таъйину нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра анҷом ёфт.Номуайянии марз сабаби даргириҳои мусаллаҳонаи байни ду кишвар шуд, ки дар натиҷаи онҳо садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд.Ниҳоят, моҳи марти соли 2025 миёни ду кишвар Созишнома дар бораи аломатгузории марз имзо шуд ва раванди таъйину аломатгузории сарҳад оғоз ёфт.Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57742
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/10/1073858585_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_eb9fda8d19ec223af4de178ae3d3ef06.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марз, қирғизистон, дар тоҷикистон, аломатгузорӣ
марз, қирғизистон, дар тоҷикистон, аломатгузорӣ
Мақомот гуфт пурра аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон кай ба охир мерасад
Раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи Тоҷикистон эълон кард, ки ҳоло аломатгузории хати марз бо Қирғизистон 90% анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 18 июл – Sputnik. Раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодезияи кишвар Ориф Хоҷазода ахиран зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба рӯзноманигорон гуфт, ки Тоҷикистон нақша дорад, ки таъйину аломатгузории марзи давлатӣ бо Қирғизистонро дар соли 2027 пурра ба охир расонад.
Ба гуфтаи вай 90% таъйину нишонагузории хати марз бо Қирғизистон ба поён расидааст.
Вай таъкид кард, ки пас аз имзои созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ, ҷонибҳо ба муайян кардани хати мувофиқашуда оғоз карданд. Ҳоло нуқтаҳои сарҳадӣ дар масофааш 416 километр муайян карда шуда, тақрибан дар 300 километр аз ҳарду ҷониб панҷара гузошта шудааст.
"Танҳо каме корҳои муҳандисӣ мондааст ва соли 2027 пурра ба анҷом хоҳад расид. Қитъаи аз ҳама душвортарин дар мавзеи вилояти Суғд буд, ки пурра ба охир расидааст. Каме корҳои муҳандисӣ боқӣ мондааст, ки рӯзҳои наздик ба анҷом мерасонем", – гуфт Ориф Хоҷазода
Ёдовар мешавем, ки чанде пешг мақомот дар Суғд эълон кард, ки таъйину нишонагузории марзи давлатии Тоҷикистон бо Қирғизистон дар ҳудуди ин вилоят пурра анҷом ёфт.
Номуайянии марз сабаби даргириҳои мусаллаҳонаи байни ду кишвар шуд, ки дар натиҷаи онҳо садҳо нафар аз ду ҷониб кушта ва захмӣ шуданд.
Ниҳоят, моҳи марти соли 2025 миёни ду кишвар Созишнома дар бораи аломатгузории марз имзо шуд ва раванди таъйину аломатгузории сарҳад оғоз ёфт.
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 1008 километр аст ва то моҳи март бисёре аз қитъаҳо баҳсӣ ба ҳисоб мерафтанд.