https://sputnik.tj/20260717/rusiyavu-tojikiston-hamkori-sarmoyaguzori-gustarish-1079033484.html
Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳои сармоягузориро густариш медиҳанд
Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳои сармоягузориро густариш медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷонибҳо ният доранд, лоиҳаҳои мушаххасро дар ин самт роҳандозӣ намуда инфрасохтори заруриро омода кунанд ва сармоягузориии бештар ҷалб намоянд
2026-07-17T14:41+0500
2026-07-17T14:41+0500
2026-07-17T14:41+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
иқтисод
сармоягузорӣ
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/10/1079014111_0:120:1280:840_1920x0_80_0_0_f476ec5aa8ba341e9a194d4943131702.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ширкати сохтмонии Русия ва корхонаи воҳиди давлатии "Таҷинвест" дурнамои ҳамкориҳои сармоягузориро баррасӣ карданд.Дар ин бора хадамоти матбуотии Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар дод.Қайд карда мешавад, ки дар мулоқоте, ки аз ҷониби намояндагони ин ниҳод ташкил карда шуд, ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба таҳияи лоиҳаҳои дахлдор ва инфрасохтори заруриро баррасӣ намуданд.Ғайр аз ин, зимни мулоқот ҷалби сармоягузорони Русия ба Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиаҳо дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва коркарди маъданҳо баррасӣ шуд.Хадамоти матбуот таъкид кард, ки иштирокчиёни мулоқот манфиатҳои мутақобиларо барои густариши минбаъдаи шарикии худ дар соҳаҳои дахлдор изҳор доштанд.Инчунин, ҷонибҳо дар бораи ҳамкории оянда дар таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.Қаблан, Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар ифтитоҳи як маркази миллӣ, ки ба рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ нигаронида шудааст, иштирок карда буд.Гуфта мешавад, ки ин марказ дар дохили IT-и парки Душанбе фаъолият хоҳад кард ва потенсиали он аз ҳамкории наздики байни доираҳои илмӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷорат шаҳодат медиҳад.
https://sputnik.tj/20260705/rusiya-tojikiston-navsozii-aloqai-mobili-internet-kumak-1078809897.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/07/10/1079014111_0:0:1280:960_1920x0_80_0_0_c72cb20f5e12048182a014bd92bd2cf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат
дар тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, иқтисод, сармоягузорӣ, тиҷорат
Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳои сармоягузориро густариш медиҳанд
Ҷонибҳо ният доранд, лоиҳаҳои мушаххасро дар ин самт роҳандозӣ намуда инфрасохтори заруриро омода кунанд ва сармоягузориии бештар ҷалб намоянд
ДУШАНБЕ, 16 июл – Sputnik. Ширкати сохтмонии Русия ва корхонаи воҳиди давлатии "Таҷинвест" дурнамои ҳамкориҳои сармоягузориро баррасӣ карданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки дар мулоқоте, ки аз ҷониби намояндагони ин ниҳод ташкил карда шуд, ҷонибҳо як қатор масъалаҳои марбут ба таҳияи лоиҳаҳои дахлдор ва инфрасохтори заруриро баррасӣ намуданд.
Ғайр аз ин, зимни мулоқот ҷалби сармоягузорони Русия ба Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиаҳо дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва коркарди маъданҳо баррасӣ шуд.
Хадамоти матбуот таъкид кард, ки иштирокчиёни мулоқот манфиатҳои мутақобиларо барои густариши минбаъдаи шарикии худ дар соҳаҳои дахлдор изҳор доштанд.
Инчунин, ҷонибҳо дар бораи ҳамкории оянда дар таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ба мувофиқа расиданд.
Қаблан, Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар ифтитоҳи як маркази миллӣ, ки ба рушди технологияҳои зеҳни сунъӣ нигаронида шудааст, иштирок карда буд.
Гуфта мешавад, ки ин марказ дар дохили IT-и парки Душанбе фаъолият хоҳад кард ва потенсиали он аз ҳамкории наздики байни доираҳои илмӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва тиҷорат шаҳодат медиҳад.