Ректори донишгоҳи Славянӣ иваз шуд: Маблағгузориаш дубора аз сар гирифта мешавад?

© Российско-Таджикский (славянский) университет Российско-Таджикский (славянский) университет в Душанбе
Российско-Таджикский (славянский) университет в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Обуна шудан
Дар тағийроти кадрие, ки ахиран ҳукумати кишвар анҷом дод ректори пешини Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСТР), таъйиншуданаш ба як ҷанҷоли дипломатӣ табдил ёфта буд, барканор шуд
ДУШАНБЕ, 17 июл – Sputnik. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода аз вазифаи ректори "Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия" озод карда шуд.
Ӯро дар ин вазифа бо қарори ҳукумат Алексей Золотухин иваз кард.
Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки номзадии оқои Золотухин бо Маскав мувофиқа шуда бошад ё на.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия эълон кард, ки ҳукумати кишвараш маблағгузории ДСТР-ро қатъ кард.
Сабаби қатъи маблағгузорӣ ин таъйин шудани ректори нав Илҳомуддин Иброҳимзода ба ҷои Машраб Файзулло санаи 3 ноябри соли 2025 будааст.
Ба гуфтаи муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия, тартиби интихоби роҳбари нави ДСТР вайрон карда шуд, зеро ҷониби Тоҷикистон номзадеро ба Русия пешниҳод накардааст.
"Мо созишномаи байниҳукуматӣ дорем, ки ба таври возеҳ мегӯяд, ки ректор мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон аз байни номзадҳое, ки ҷониби Русия тасдиқ кардааст, таъин карда мешавад. Аммо касе аз мо напурсид ва мо ягон номзадро тасдиқ накардем. Ректори дигар таъин шуд. Мо инро қабул карда наметавонем; мо ӯро ректор намешуморем", - гуфта буд муовини вазир.
Могилевский аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, ки мушкилотро ба зуди ҳал кунанд.
Раҳмон таъйиноти кадрӣ анҷом дод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2026
Аз бонк то энергетикаву маориф: Раҳмон дар бархе сохторҳои давлатӣ кадрҳои нав таъйин кард
"Донишгоҳ сармояест, ки Русия онро маблағгузорӣ мекунад. Мо мефаҳмем, ки Тоҷикистон ба ин ниёз дорад. Мо мебинем, ки хатмкунандагони ин донишгоҳ чӣ гуна ҷойгоҳи худро дар иқтисоди Тоҷикистон пайдо мекунанд. Мо мехоҳем, ки вазъ ба чаҳорчӯби ҳуқуқӣ баргардад ва омодаем, ки ҳамкорӣ кунем", - гуфт ӯ.
Мақомдори рус таъкид кард, ки танҳо пас аз Русия метавонад нақшаҳои калонҳаҷм ва ҷиддӣ барои рушди донишгоҳро тартиб диҳад.
Лентаи хабарҳо
0