Рушди 15 дарсадии тиҷорати Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё

© Sputnik / Антон БыстровВид на башню Азади в Тегеране.
Вид на башню Азади в Тегеране. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2026
Обуна шудан
Дар ҳошияи маҷмаъи иқтисодии АвруОсиё дар Остона, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, тасҳили табодулоти гумрукӣ ва иҷрои тавофуқи тиҷорати озод миёни Эрону ИИАО баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 16 июл - Sputnik. Дар нишаст ҳошияи маҷмаъи иқтисодии АвруОсиё дар Остона, тарафайн перомуни тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ миёни Эрону Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, иҷрои тавофуқи тиҷорати озод, коҳиши мавонеъи тиҷорӣ, тасҳили табодулоти гумрукӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи табодул назар карданд.
Ба гузориши сомонаи “Асри Эрон”, дар ин мулоқот ҳамчунин мавзуъоте аз ҷумлаи густариши ҳамкориҳои санъатӣ, ҳамлу нақл ва тронзит, тавсеаи роҳгузарҳои минтақавӣ ва баҳрагирии бештар аз зарфияти бозори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазири тиҷорати камиссиюни иқтисодии АвруОсиё бо ишора ба иҷрои мувофиқатномаи тиҷорати озоди миёни Эрону ИИАО эълом кард, ки аз замони иҷрои ин тавофуқ, тиҷорати Эрон бо кишварҳои узви Иттиҳодия раванд афзоишӣ дошта ва рушди 15 дарсадии тиҷорат ба сабт расидааст.
Машина на автозаправочной станции. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2026
Яке аз кишварҳои ИИАО содироти сӯзишвориро ба хориҷ комилан манъ кард
Дар ин дидор, зимни эъломи омодагӣ барои баргузарии Дуюмин даври нишаст муштарак бо камиссиюни иқтисодии АвруОсиё дар Теҳрон ва даъвати расмӣ аз тарафи муқобил барои сафар ба Теҳрон, бар зарурати ташкили коргурӯҳҳои тахассусӣ дар ҳавзаҳои гумрук, гувоҳии мабдаъ, ҳамлу нақл , стандарту соири заминаҳои муртабит таъкид шуд.
Лентаи хабарҳо
0