https://sputnik.tj/20260715/tavlidi-kamtar-puli-beshtar-limit-tojikiston-1078995098.html
"Тавлиди камтар, пули бештар": Оё “даврони лимит” дар Тоҷикистон поён меёбад?
"Тавлиди камтар, пули бештар": Оё “даврони лимит” дар Тоҷикистон поён меёбад?
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" далелҳои коҳиши тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва ҳамчунин коҳиши масрафи барқ дар Тоҷикистонро шарҳ дод 15.07.2026, Sputnik Тоҷикистон
2026-07-15T14:46+0500
2026-07-15T14:46+0500
2026-07-15T14:46+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
"барқи тоҷик"
лимит
лимити барқ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_0:92:1600:993_1920x0_80_0_0_40bd493f1c12530d1f33c2647a467c2c.jpg
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, дар тамоми нерӯгоҳҳои барқи таҳти мудирияти ширкати "Барқи Тоҷик", дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ ба қайд гирифта шудааст.Бар асоси тозатарин иттилооти мунташиршуда аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик", тамоми нерӯгоҳҳои барқи таҳти мудирияти ин ширкат дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, бо коҳиши тавлиди барқ рӯ ба рӯ шудаанд.Барои намуна, нерӯгоҳи Норак, бузургтарин манбаи барқи обии Тоҷикистон, дар ин муддат 5, 5 млрд киловатт-соат барқ тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 (5 миллиарду 660 миллион киловатт-соат) ҳудуди 66,7 миллион киловатт-соат камтар аст.Нерӯгоҳи Бойғозӣ, силсилаи нерӯгоҳҳои “Вахш”, “Варзоб”, “Қайроқум” ва ҳамчунин нерӯгоҳҳои хурд, дар маҷмӯъ 7, 9 млрд киловатт-соат барқ тавлид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳудуди 107,7 миллион киловатт-соат коҳишро нишон медиҳад.Дар муқобил, марказҳои барқу гармии "Душанбе-1" ва "Душанбе-2" нишондиҳандаи мусбат доштаанд. Ин ду марказ дар маҷмӯъ 964 миллион киловатт-соат барқ тавлид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллион киловатт-соат бештар аст.Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик", зимни нишасти хабарӣ дар шарҳи ин вазъ гуфт, ки ин омор бо дарназардошти дигар манобеи таъмини барқи воридотӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", бештар аст. Қонуни сахтгирона ва ҳамсоягони каммасрафМушкилоти истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ асосан бо шарофати тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 2025 қабул шудааст, ҳал карда шуд, ки дар он пардохт накардани ҳисобҳои барқ ҳамчун дуздӣ ва ҷиноят эътироф шудааст.Дар моддаҳои 253 ("Нақзи қоидаҳо ва меъёрҳои истифодаи нерӯи барқ") ва 253 ("Истифодаи ғайриқонунии барқ барои "майнинг" ё дороиҳои маҷозӣ") ҷазо ва ҷаримаро пешбинӣ шудаанд ва агар зарар аз 150 000 сомонӣ зиёд бошад, ҷаримаҳои сангин ё маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.Раиси ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки дар маҷмӯъ раванди коҳиши солонаи масрафи барқ дар кишвар мушоҳида мешавад ва мавридҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки дар солҳои гузашта вуҷуд дошт, тадриҷан ва марҳила ба марҳила аз байн рафта истодааст.Муҳаммадумар Асозода афзуд, ки афзоиши даромад аз фурӯши барқ ба ширкати "Барқи тоҷик" имкон додааст, ки қарзҳо ва уҳдадориҳои худро дар назди тавлидкунандагони нерӯи барқ пардохт намояд ва ҳамчунин дигар уҳдадориҳои ширкатро иҷро кунад.Бар асоси иттилооти ширкати “Барқи тоҷик”, ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар дар нимсолаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, 79,2 миллион киловатт-соат коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 42 миллион киловатт-соат расидааст.“Дар ҳамин ҳол ҳатто ҳаҷми содироти барқ низ коҳиш ёфт, зеро дар ҳамон кишварҳое, ки мо ба онҳо барқ содир мекунем, масрафи барқ низ кам шудааст. Ин пеш аз ҳама ба афзоиши боришот вобаста аст. Соли гузашта аз 18 апрел ба баъд амалан борише набуд, аммо имсол баръакс аст. Аз ҳамин ҳисоб дар Тоҷикистон рӯзона ҳудуди 4–5 миллион киловатт-соат барқ, барои мисол ба сабаби истифода нашудани кондитсионерҳо, масраф намешавад”, - гуфт ӯ.Бештарин ҳаҷми барқ ба Афғонистон содир шудааст, ки 702 миллион киловатт-соат-ро ташкил медиҳад.Оё "маҳдудияти барқ" поён хоҳад ёфт?Вазъияти кунунӣ ҳам хушбинӣ эҷод кардааст ва ҳам ин пурсишро матраҳ сохтааст, ки оё мавсими “маҳдудияти барқ” дар Тоҷикистон ба поён хоҳад расид? Сокинони ҷумҳурӣ аз нимаи дуюми солҳои 1990-ум аз маҳдудиятҳои барқ азият мекашанд. Дар ин муддат, рустоҳои Тоҷикистон, ки бино бар оморҳои гуногун, 75 то 80 дарсад аҳолии кишвар дар онҳо зиндагӣ мекунанд, дар тӯли шабонарӯз танҳо 2 то 4 соат барқ дарёфт мекарданд, он ҳам дар ду навбат — шомгоҳ ва субҳ.Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз саросари кишвар шикоятҳо дар бораи набудан ё қатъи барқ мунташир мешаванд. Манучеҳри Хурсандзода, мудири идораи техникии ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки масъули таъмини барқи муштариён аст, гуфт, мушкил дар таҷҳизоти техникӣ ва хатҳои интиқоли барқ ба истеъмолкунандагон нуҳуфтааст.“Барои мисол, трансформаторҳо дар манотиқи гуногун фарсуда шудаанд ё хатҳои барқ ба сурати ғайримеъёрӣ кашида шудаанд. Инҳо мушкилоти дигаре ҳастанд, ки ширкатҳои масъул дар ҳоли расидагӣ ба онҳо мебошанд”, - гуфт ӯ.Ба ин тартиб, масъулони ширкатҳои барқи Тоҷикистон бар ин боваранд, ки тайи як ё ду соли оянда, ба истилоҳи мардумӣ,” даврони лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ ба як афсона табдил хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20260711/talafot-barq-tojikiston-kam-1078924631.html
https://sputnik.tj/20260709/tojikiston-nerui-barq-sodirot-1078889932.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101440/12/1014401296_103:0:1427:993_1920x0_80_0_0_5d3958546f46674f91c52d0c9472e2ec.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, "барқи тоҷик", лимит, лимити барқ
дар тоҷикистон, барқ, энергетика, "барқи тоҷик", лимит, лимити барқ
"Тавлиди камтар, пули бештар": Оё “даврони лимит” дар Тоҷикистон поён меёбад?
Эксклюзив
Ширкати "Барқи тоҷик" далелҳои коҳиши тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои барқӣ ва ҳамчунин коҳиши масрафи барқ дар Тоҷикистонро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, дар тамоми нерӯгоҳҳои барқи таҳти мудирияти ширкати "Барқи Тоҷик", дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта коҳиши истеҳсоли нерӯи барқ ба қайд гирифта шудааст.
Бар асоси тозатарин иттилооти мунташиршуда аз ҷониби ширкати "Барқи тоҷик", тамоми нерӯгоҳҳои барқи таҳти мудирияти ин ширкат дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ, дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли гузашта, бо коҳиши тавлиди барқ рӯ ба рӯ шудаанд.
Барои намуна, нерӯгоҳи Норак, бузургтарин манбаи барқи обии Тоҷикистон, дар ин муддат 5, 5 млрд киловатт-соат барқ тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 (5 миллиарду 660 миллион киловатт-соат) ҳудуди 66,7 миллион киловатт-соат камтар аст.
Нерӯгоҳи Бойғозӣ, силсилаи нерӯгоҳҳои “Вахш”, “Варзоб”, “Қайроқум” ва ҳамчунин нерӯгоҳҳои хурд, дар маҷмӯъ 7, 9 млрд киловатт-соат барқ тавлид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳудуди 107,7 миллион киловатт-соат коҳишро нишон медиҳад.
Дар муқобил, марказҳои барқу гармии "Душанбе-1" ва "Душанбе-2" нишондиҳандаи мусбат доштаанд. Ин ду марказ дар маҷмӯъ 964 миллион киловатт-соат барқ тавлид кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллион киловатт-соат бештар аст.
Муҳаммадумар Асозода, раиси ширкати "Барқи тоҷик", зимни нишасти хабарӣ дар шарҳи ин вазъ гуфт, ки ин омор бо дарназардошти дигар манобеи таъмини барқи воридотӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумла "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", бештар аст.
"Дар шаш моҳи аввали соли 2026 тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон 172 миллион киловатт-соат коҳиш ёфт. Кам шудани масрафи барқ дар дохили кишвар, пеш аз ҳама, ба пешгирӣ аз мавридҳои истифодаи ғайриқонунии барқ вобаста аст”, - гуфт ӯ.
Қонуни сахтгирона ва ҳамсоягони каммасраф
Мушкилоти истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ асосан бо шарофати тағйирот ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки моҳи апрели соли 2025 қабул шудааст, ҳал карда шуд, ки дар он пардохт накардани ҳисобҳои барқ ҳамчун дуздӣ ва ҷиноят эътироф шудааст.
Дар моддаҳои 253 ("Нақзи қоидаҳо ва меъёрҳои истифодаи нерӯи барқ") ва 253 ("Истифодаи ғайриқонунии барқ барои "майнинг" ё дороиҳои маҷозӣ") ҷазо ва ҷаримаро пешбинӣ шудаанд ва агар зарар аз 150 000 сомонӣ зиёд бошад, ҷаримаҳои сангин ё маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Раиси ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки дар маҷмӯъ раванди коҳиши солонаи масрафи барқ дар кишвар мушоҳида мешавад ва мавридҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки дар солҳои гузашта вуҷуд дошт, тадриҷан ва марҳила ба марҳила аз байн рафта истодааст.
“Талафот коҳиш ёфтааст, истифодаи самараноки барқ афзоиш ёфтааст ва ҳаҷми ҷамъоварии маблағ низ бештар шудааст. Танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ тавассути ҳисоби махсус ба ширкати "Барқи тоҷик" беш аз 580 миллион сомонӣ бештар ворид шудааст”, гуфт ӯ.
Муҳаммадумар Асозода афзуд, ки афзоиши даромад аз фурӯши барқ ба ширкати "Барқи тоҷик" имкон додааст, ки қарзҳо ва уҳдадориҳои худро дар назди тавлидкунандагони нерӯи барқ пардохт намояд ва ҳамчунин дигар уҳдадориҳои ширкатро иҷро кунад.
Бар асоси иттилооти ширкати “Барқи тоҷик”, ҳаҷми содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар дар нимсолаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли 2025, 79,2 миллион киловатт-соат коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 1 миллиарду 42 миллион киловатт-соат расидааст.
“Дар ҳамин ҳол ҳатто ҳаҷми содироти барқ низ коҳиш ёфт, зеро дар ҳамон кишварҳое, ки мо ба онҳо барқ содир мекунем, масрафи барқ низ кам шудааст. Ин пеш аз ҳама ба афзоиши боришот вобаста аст. Соли гузашта аз 18 апрел ба баъд амалан борише набуд, аммо имсол баръакс аст. Аз ҳамин ҳисоб дар Тоҷикистон рӯзона ҳудуди 4–5 миллион киловатт-соат барқ, барои мисол ба сабаби истифода нашудани кондитсионерҳо, масраф намешавад”, - гуфт ӯ.
Бештарин ҳаҷми барқ ба Афғонистон содир шудааст, ки 702 миллион киловатт-соат-ро ташкил медиҳад.
Оё "маҳдудияти барқ" поён хоҳад ёфт?
Вазъияти кунунӣ ҳам хушбинӣ эҷод кардааст ва ҳам ин пурсишро матраҳ сохтааст, ки оё мавсими “маҳдудияти барқ” дар Тоҷикистон ба поён хоҳад расид? Сокинони ҷумҳурӣ аз нимаи дуюми солҳои 1990-ум аз маҳдудиятҳои барқ азият мекашанд. Дар ин муддат, рустоҳои Тоҷикистон, ки бино бар оморҳои гуногун, 75 то 80 дарсад аҳолии кишвар дар онҳо зиндагӣ мекунанд, дар тӯли шабонарӯз танҳо 2 то 4 соат барқ дарёфт мекарданд, он ҳам дар ду навбат — шомгоҳ ва субҳ.
Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз саросари кишвар шикоятҳо дар бораи набудан ё қатъи барқ мунташир мешаванд. Манучеҳри Хурсандзода, мудири идораи техникии ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ки масъули таъмини барқи муштариён аст, гуфт, мушкил дар таҷҳизоти техникӣ ва хатҳои интиқоли барқ ба истеъмолкунандагон нуҳуфтааст.
“Барои мисол, трансформаторҳо дар манотиқи гуногун фарсуда шудаанд ё хатҳои барқ ба сурати ғайримеъёрӣ кашида шудаанд. Инҳо мушкилоти дигаре ҳастанд, ки ширкатҳои масъул дар ҳоли расидагӣ ба онҳо мебошанд”, - гуфт ӯ.
Ба ин тартиб, масъулони ширкатҳои барқи Тоҷикистон бар ин боваранд, ки тайи як ё ду соли оянда, ба истилоҳи мардумӣ,” даврони лимит” ё маҳдудияти интиқоли барқ ба як афсона табдил хоҳад шуд.