Пизишкиён: ИИАО ҷойгоҳи вижае дар дипломасии иқтисодии Эрон дорад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон встретился с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкияном.
Эмомали Рахмон встретился с Президентом Исламской Республики Иран Масудом Пезешкияном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2026
Обуна шудан
Президенти Эрон ахиран гуфт, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар дипломатияи иқтисодии Эрон нақши намоёнро мебозад
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён дар як паёми ахираш таъкид кард, ки равобити кишвараш бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё муҳим аст.
“Бешубҳа, Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё дар сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон мақоми хос дорад”, - гуфт ӯ.
Пешкиён таъкид кард, ки Эрон ҳамчунин ба созкорҳова чаҳорчӯбаҳои чандҷонибаи минтақае, ки тавассути кишварҳои минтақа ва бидуни вобастагӣ ба қудратҳои ихлолгари фароминтақаӣ шакл мегиранд, бовар дорад.
“Ҳамгироии иқтисодӣ ва ҳамкории минтақавӣ калиди рушди устувор ва шукуфоии муштарак мебошанд. Кӯшишҳои мо ҳамеша ин аст, ки узви муассир ва боэътимод дар созишҳо ва блокҳои минтақавӣ бошем”, - гуфт Пизишкиён.
Вай илова кард, ки ҳузури фаъоли Эрон дар созмонҳо ба монанди Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ECO), BRICS, Созмони Ҳамкории Иқтисодии Ҳашт Кишвари Рушд, Форуми Муколамаи Ҳамкории Осиё, Ассотсиатсияи Ҳавзаи Уқёнуси Ҳинд ва Созмони Ҳамкории Шанхай далели ин иддао аст.
Aİİ bayrağı, arxiv - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2026
ИИАО ва Африқои шарқӣ ҳамкорӣ мекунанд
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.
Лентаи хабарҳо
0