https://sputnik.tj/20260713/tojikiston-milliard-dollar-kharj-behbud-roh-mekunad-1078952153.html
Тоҷикистон беш аз миллиард долларо харҷи беҳбуди роҳҳояш мекунад
Тоҷикистон беш аз миллиард долларо харҷи беҳбуди роҳҳояш мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гузориши вазорат дар раванди татбиқи лоиҳаҳо1 053 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 789 нафар ё 75%-ро шаҳрвандони Тоҷикистонанд
2026-07-13T09:34+0500
2026-07-13T09:34+0500
2026-07-13T09:40+0500
дар тоҷикистон
таъмири роҳ
нақлиёт
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070436101_0:108:2048:1260_1920x0_80_0_0_2a06fda04b8d9ed02dbd29003c31fadf.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тоҷикистон ҳоло барои беҳтар кардани бахши роҳу нақлиёташ 11 лоиҳаи азими сармоягузориро амалӣ мекунад.Арзиши ин лоиҳаҳо 1 миллиарду 193 млн доллари амрикоӣ аст, гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ниҳодаш.Ба гуфтаи вазир, аз ин 5 лоиҳа ба маблағи 590,3 млн доллари амрикоӣ дар ҷараёни татбиқ ва 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 602,2 млн доллари амрикоӣ ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор дорандАз ин маблағҳо ба таъкиди Азим Иброҳим 542,5 млн доллари амрикоӣ ё 40,99% грант, 200,4 млн доллар ё 21,37% кумаки бебозгашт ва техникӣ, 342,5 млн доллар ё 31,38% қарзи беруна аст.Саҳми ҳукумати ҷумҳурӣ 85,1 млн доллари амрикоӣ ё 6,26%-ро ташкил медиҳад, афзуд манбаъ.Тавре қаблан траисҷумҳур дастур дода буд, соли ҷорӣ бояд дар 8 лоиҳа бо дарозии умумии қариб 286,9 км ба маблағи 334,9 млн доллари корҳои сохтмонӣ оғоз шавад.Ин лоиҳаҳо таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Кӯлоб (32,2 км, 80 млн доллар), Балҷувон – Сарихосор (58 км, 58 млн доллар ), қисмати Мурғоб-Кулма (67 км, 78 млн доллар), Лабиҷар-Сангвор (сохтмони 3 пул, 17,1 млн доллар), роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб (11 км, 30 млн доллар), таъмири роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Обигарм (70 км, 28,8 млн доллар), сохтмони роҳи автомобилгарди Хистеварз – Конибодом (Арка) (9.7 км, 4.5 млн доллар), Хоруғ-Роштқалъа (39 км, 38,5 млн доллар )-ро дар бар мегирад.Ба гузориши вазорат дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 053 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 789 нафар ё 75%-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.Вазири нақлиёт гуфт, ки ҳоло дар уҳдаи ниҳоди зертобеяш нигоҳубини 14349 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум мавҷуд аст, ки аз ин 3348,0 км роҳҳои аҳамияти байналмилаӣ, 2127,0 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8874,0 км роҳҳои аҳамияти маҳалидоштаро ташкил медиҳад. Инчунин дар тавозуни вазорат 2253 пул бо дарозии 43 649 м/т ва 19716 қубур бо дарозии 213801 м/т ва 29 долонҳои зиддитармавӣ бо дарозии 4627 м/т низ мавҷуданд.Ҳамзамон 5 нақбҳои автомобилгард, аз ҷумла, нақби “Истиқлол” бо дарозии 4996 м/т, “Шаҳристон” бо дарозии 5253 м/т, “Хатлон” бо дарозии 4450 м/т, “Озодӣ” бо дарозии 2223 м/т ва “Дӯстӣ” бо дарозии 1047 м/т мавҷуд аст.
https://sputnik.tj/20260628/rohi-ohan-shahri-buzurgi-viloyati-sugh-mepayvanad-1078642025.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/1a/1070436101_113:0:1936:1367_1920x0_80_0_0_d2721ff1720bc022468cfb76012c4077.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, таъмири роҳ, нақлиёт, вазорати нақлиёт
дар тоҷикистон, таъмири роҳ, нақлиёт, вазорати нақлиёт
Тоҷикистон беш аз миллиард долларо харҷи беҳбуди роҳҳояш мекунад
09:34 13.07.2026 (Навсозишуда: 09:40 13.07.2026) Ба гузориши вазорат дар раванди татбиқи лоиҳаҳо1 053 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 789 нафар ё 75%-ро шаҳрвандони Тоҷикистонанд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тоҷикистон ҳоло барои беҳтар кардани бахши роҳу нақлиёташ 11 лоиҳаи азими сармоягузориро амалӣ мекунад.
Арзиши ин лоиҳаҳо 1 миллиарду 193 млн доллари амрикоӣ аст, гуфт вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи ниҳодаш.
Ба гуфтаи вазир, аз ин 5 лоиҳа ба маблағи 590,3 млн доллари амрикоӣ дар ҷараёни татбиқ ва 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 602,2 млн доллари амрикоӣ ба анҷом расида, дар давраи кафолатӣ қарор доранд
Аз ин маблағҳо ба таъкиди Азим Иброҳим 542,5 млн доллари амрикоӣ ё 40,99% грант, 200,4 млн доллар ё 21,37% кумаки бебозгашт ва техникӣ, 342,5 млн доллар ё 31,38% қарзи беруна аст.
Саҳми ҳукумати ҷумҳурӣ 85,1 млн доллари амрикоӣ ё 6,26%-ро ташкил медиҳад, афзуд манбаъ.
Тавре қаблан траисҷумҳур дастур дода буд, соли ҷорӣ бояд дар 8 лоиҳа бо дарозии умумии қариб 286,9 км ба маблағи 334,9 млн доллари корҳои сохтмонӣ оғоз шавад.
Ин лоиҳаҳо таҷдиди роҳи автомобилгарди Гулистон-Кӯлоб (32,2 км, 80 млн доллар), Балҷувон – Сарихосор (58 км, 58 млн доллар ), қисмати Мурғоб-Кулма (67 км, 78 млн доллар), Лабиҷар-Сангвор (сохтмони 3 пул, 17,1 млн доллар), роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб (11 км, 30 млн доллар), таъмири роҳи автомобилгарди Ваҳдат — Обигарм (70 км, 28,8 млн доллар), сохтмони роҳи автомобилгарди Хистеварз – Конибодом (Арка) (9.7 км, 4.5 млн доллар), Хоруғ-Роштқалъа (39 км, 38,5 млн доллар )-ро дар бар мегирад.
Ба гузориши вазорат дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 1 053 нафар мутахассисону коргарон фаъолият доранд, ки 789 нафар ё 75%-ро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Вазири нақлиёт гуфт, ки ҳоло дар уҳдаи ниҳоди зертобеяш нигоҳубини 14349 км роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум мавҷуд аст, ки аз ин 3348,0 км роҳҳои аҳамияти байналмилаӣ, 2127,0 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 8874,0 км роҳҳои аҳамияти маҳалидоштаро ташкил медиҳад.
Инчунин дар тавозуни вазорат 2253 пул бо дарозии 43 649 м/т ва 19716 қубур бо дарозии 213801 м/т ва 29 долонҳои зиддитармавӣ бо дарозии 4627 м/т низ мавҷуданд.
Ҳамзамон 5 нақбҳои автомобилгард, аз ҷумла, нақби “Истиқлол” бо дарозии 4996 м/т, “Шаҳристон” бо дарозии 5253 м/т, “Хатлон” бо дарозии 4450 м/т, “Озодӣ” бо дарозии 2223 м/т ва “Дӯстӣ” бо дарозии 1047 м/т мавҷуд аст.