https://sputnik.tj/20260713/tojikiston-gardish-bangdon-afun-modda-psikhotropi-afzudaast-1078954519.html
Дар Тоҷикистон гардиши бангдона ва афъюн камтар, аммо моддаҳои психотропӣ якбора афзудааст
Дар Тоҷикистон гардиши бангдона ва афъюн камтар, аммо моддаҳои психотропӣ якбора афзудааст
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳарҷанд гардиши бангдона ва афъюн каме коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо моддаҳои психотропӣ се баробар афзуда, ташвишро ба миён овардааст, мегӯяд Агентӣ
2026-07-13T10:45+0500
2026-07-13T10:45+0500
2026-07-13T10:46+0500
дар тоҷикистон
маводи мухаддир
агентии назорати маводи нашъаовар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075399666_0:10:800:460_1920x0_80_0_0_7e49b3fbbd2c6c843383d82206037b0a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мизони коҳишро нишон медиҳад.Мақомоти кишвар зарфи шаш моҳи гузашта 2 тоннаву 963 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд.Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.Ба иттилои манбаъ, ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ (3 тоннаву 107 кило) 143 кило ва ё 5% камтар аст, Таъкид мешавад, ки аз ҳаҷми умумии маводди мухаддир беш аз 223 килоро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва боқимондаро, Вазорати корҳои дохилӣ, КДАМ, Оҷонсии зидди фасоди молӣ ва Хадамоти гумрук мусодира кардаанд.Самад Зафар зикр намуд, ки давоми моҳҳои январ-июн ҳамагӣ 592 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 58 адад ва ё 11% зиёд аст.Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби ниҳоди зертобеяш фаъолияти 16 гуруҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 28 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.Инчунин дар ин давра дар кишвар беш аз 526 кило моддаҳои психотропӣ мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 кило ва ё се маротиба зиёд мебошад.Бино ба гузориши Оҷонсӣ, давоми ним соли 2026 аз ҷониби мақомоти ҳивзи ҳуқуқ дар ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 513 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки беш аз нисфи ҳаҷми умуммиро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20260624/rusiya-tojikiston-muboriza-mavodi-mukhaddir-1078560046.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/13/1075399666_88:0:713:469_1920x0_80_0_0_8036da571e39b476530ae73b2b26b13a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маводи мухаддир, агентии назорати маводи нашъаовар
дар тоҷикистон, маводи мухаддир, агентии назорати маводи нашъаовар
Дар Тоҷикистон гардиши бангдона ва афъюн камтар, аммо моддаҳои психотропӣ якбора афзудааст
10:45 13.07.2026 (Навсозишуда: 10:46 13.07.2026) Дар Тоҷикистон ҳарҷанд гардиши бангдона ва афъюн каме коҳиш ёфта бошад ҳам, аммо моддаҳои психотропӣ се баробар афзуда, ташвишро ба миён овардааст, мегӯяд Агентӣ
ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мизони коҳишро нишон медиҳад.
Мақомоти кишвар зарфи шаш моҳи гузашта 2 тоннаву 963 кило маводи мухаддирро мусодира кардаанд.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ (3 тоннаву 107 кило) 143 кило ва ё 5% камтар аст,
Таъкид мешавад, ки аз ҳаҷми умумии маводди мухаддир беш аз 223 килоро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар ва боқимондаро, Вазорати корҳои дохилӣ, КДАМ, Оҷонсии зидди фасоди молӣ ва Хадамоти гумрук мусодира кардаанд.
Самад Зафар зикр намуд, ки давоми моҳҳои январ-июн ҳамагӣ 592 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 58 адад ва ё 11% зиёд аст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби ниҳоди зертобеяш фаъолияти 16 гуруҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 28 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.
Инчунин дар ин давра дар кишвар беш аз 526 кило моддаҳои психотропӣ мусодира шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 370 кило ва ё се маротиба зиёд мебошад.
Бино ба гузориши Оҷонсӣ, давоми ним соли 2026 аз ҷониби мақомоти ҳивзи ҳуқуқ дар ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 513 кило маводи мухаддир мусодира шудааст, ки беш аз нисфи ҳаҷми умуммиро ташкил медиҳад.