https://sputnik.tj/20260710/dar-soli-2026-sodiroti-mahsuloti-iiao-tavassuti-marketpleysho-ba-13-mlrd-dollar-merasad-1078898383.html
Дар соли 2026 содироти маҳсулоти ИИАО тавассути маркетплейсҳо ба 13 млрд доллар мерасад
Дар соли 2026 содироти маҳсулоти ИИАО тавассути маркетплейсҳо ба 13 млрд доллар мерасад
Sputnik Тоҷикистон
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) бо маркетплейсҳои бузурги бозор мулоқот кард, ки дар он рушди содироти мол аз кишварҳои ИИАО тавассути платформаҳои онлайнӣ баррасӣ шуд
2026-07-10T10:41+0500
2026-07-10T10:41+0500
2026-07-10T10:41+0500
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
тиҷорат
электронӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059237648_0:173:3025:1875_1920x0_80_0_0_21123c5fac11a978f93d3216d8cfa77e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Коршиносон тахмин мезананд, ки ҳаҷми содирот аз кишварҳои ИИАО тавассути маркетплейсҳо (мағозаҳои маҷозӣ) дар соли 2026 бештар аз 1 трлн рубл (тақрибан 12,7 млрд доллар) хоҳад буд.Ин рақам яке аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо иштироки соҳибони маркетплейсҳои бузург буд. Дар ин ҷаласа ба таблиғи молҳои ИИАО дар бозорҳои хориҷӣ баррасӣ шуд, хабар дод хадамоти матбуотии КИАО.Тавре вазири тиҷорати ИИАО Андрей Слепнев қайд кард, рушди иқтисоди платформа имкониятҳои навро барои содирот аз кишварҳои ИИАО, пеш аз ҳама барои тиҷорати хурду миёна, боз мекунад.Вай афзуд, ки дар баробари афзоиши воридот тавассути платформаҳои тиҷорати электронӣ, фароҳам овардани шароит барои таблиғи фаъоли молҳои ватанӣ дар хориҷа муҳим аст.Вазир хотиррасон кард, ки ИИАО аллакай бо кишварҳои сеюм созишномаҳои тиҷоратии мавҷуда ва амалкунанда дорад, ки дар доираи онҳо масъалаҳои тиҷорати электронӣ торафт бештар намоён мешаванд."Ин барои тиҷорати хурду миёна беҳтарин имкониятҳоро барои содирот фароҳам меорад. Ин имкон медиҳад молҳои онҳо мустақиман ба бозорҳои мо ва аз мо ба зорҳои онҳо ворид гаранд”, - гуфт вазири иқтисоди ИИАО.Иштирокчиёни ҷаласа рушди тиҷорати электрониро дар дохили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, васеъ кардани таъминот ба кишварҳои ИДМ ва вуруд ба бозорҳои Чин, Муғулистон ва Ҳиндустонро аз ҷумлаи самтҳои умедбахш муайян карданд.Тибқи иттилои Ассотсиатсияи ширкатҳои тиҷорати интернетӣ, соли гузашта ҳаҷми содирот аз кишварҳои ИИАО тавассути каналҳои тиҷорати электронӣ ба кишварҳои сеюм беш аз 700 миллиард рублро ташкил дод, ки ин рақам имсол бештар аз 1 триллион рубл хоҳад буд.
https://sputnik.tj/20260709/kamboja-iiao-sozishnoma-tijorati-ozod-imzo-1078869948.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/09/06/1059237648_148:0:2879:2048_1920x0_80_0_0_d1907d4b04276df440db4ee05d6ad553.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, электронӣ, иқтисод
ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, тиҷорат, электронӣ, иқтисод
Дар соли 2026 содироти маҳсулоти ИИАО тавассути маркетплейсҳо ба 13 млрд доллар мерасад
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) бо маркетплейсҳои бузурги бозор мулоқот кард, ки дар он рушди содироти мол аз кишварҳои ИИАО тавассути платформаҳои онлайнӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 10 июл - Sputnik. Коршиносон тахмин мезананд, ки ҳаҷми содирот аз кишварҳои ИИАО тавассути маркетплейсҳо (мағозаҳои маҷозӣ) дар соли 2026 бештар аз 1 трлн рубл (тақрибан 12,7 млрд доллар) хоҳад буд.
Ин рақам яке аз мавзӯъҳои асосии ҷаласа дар қароргоҳи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо иштироки соҳибони маркетплейсҳои бузург буд. Дар ин ҷаласа ба таблиғи молҳои ИИАО дар бозорҳои хориҷӣ баррасӣ шуд, хабар дод хадамоти матбуотии КИАО.
Тавре вазири тиҷорати ИИАО Андрей Слепнев қайд кард, рушди иқтисоди платформа имкониятҳои навро барои содирот аз кишварҳои ИИАО, пеш аз ҳама барои тиҷорати хурду миёна, боз мекунад.
Вай афзуд, ки дар баробари афзоиши воридот тавассути платформаҳои тиҷорати электронӣ, фароҳам овардани шароит барои таблиғи фаъоли молҳои ватанӣ дар хориҷа муҳим аст.
Вазир хотиррасон кард, ки ИИАО аллакай бо кишварҳои сеюм созишномаҳои тиҷоратии мавҷуда ва амалкунанда дорад, ки дар доираи онҳо масъалаҳои тиҷорати электронӣ торафт бештар намоён мешаванд.
"Ин барои тиҷорати хурду миёна беҳтарин имкониятҳоро барои содирот фароҳам меорад. Ин имкон медиҳад молҳои онҳо мустақиман ба бозорҳои мо ва аз мо ба зорҳои онҳо ворид гаранд”, - гуфт вазири иқтисоди ИИАО.
Иштирокчиёни ҷаласа рушди тиҷорати электрониро дар дохили Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, васеъ кардани таъминот ба кишварҳои ИДМ ва вуруд ба бозорҳои Чин, Муғулистон ва Ҳиндустонро аз ҷумлаи самтҳои умедбахш муайян карданд.
Тибқи иттилои Ассотсиатсияи ширкатҳои тиҷорати интернетӣ, соли гузашта ҳаҷми содирот аз кишварҳои ИИАО тавассути каналҳои тиҷорати электронӣ ба кишварҳои сеюм беш аз 700 миллиард рублро ташкил дод, ки ин рақам имсол бештар аз 1 триллион рубл хоҳад буд.